Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Барзин нияти назди модар рафтанро дошт, вале ҳоло намедонист, ки дар куҷост? Ҳанўз ҳам ҳамроҳи модари шоҳи Порс Дорои Саввум ҳаст ва ё эшонро аз ҳам ҷудо карданд. Ў пой кўфт бар қолиҳои сурхи эронӣ, чунон буд, ки тезтар аз хуни гарми хеш ҳаракат бикунад. Чун ҷавон буд, хуни хурўшонаш намегузошт сар ба каф ниҳад ва биандешад, пасон бикунад рафтор. Ҷавонишро хуни тез ёр буд: «Ай пирзан! Бо кадом ақл гўйӣ, ки баргардам ба Мақдуниё?! – дар сол аз ў бузург будани Барзинро ишора карда гуфт худ ба худ. – Худованд Гераклу Искандарро барои ҷанг офарида! Ў мегўяд, ки баргард!» Шароб хост ва андешааш баргусаст; шароб хост, то андешаҳояшро фурў нишонад, ки осебе нарасад Барзинро. Зеро боақлтар аз ў ва хушфаросоттар аз Барзин занеро дучор наомада то ҳанўз; ва занеро надонад, ки хубтар аз пешгўйҳо пешгўйӣ кунад. Дар чунин мулки афсонавӣ набояд ў хун бирезад.
Дар ин ҷо бобулиён хун рехта буданд; Куруши Кабир хунрезиро басанда карда буд; шоҳаншоҳи Эрон Камбуҷиёи писари Куруш низ аз барои духтари фиръавни Миср хун рехта буд, нашояд дигарбора хун рехтан.
— Шароби арғувонии юнонӣ биоваред! – фарёд зад Искандар ва ба назар аз чашмони обиаш шарора борид. Ва касе аз пешкорҳо пайдо нашуда, Барзин боздаромад. Гарчӣ Искандар рўйи хуш надошт, дар дил шод буд, ки зеботарин ва донотарин зани рўйи Замин пеши ўст.
— Мехоҳӣ, ки баргардам?
— Мехоҳам, ки баргардӣ.
— Чӣ пешомад аст?
— Агар осуда будӣ ва табъи хуш доштӣ, гуфта будам. Чун ошуфтаву парешон ҳастӣ ва маро бад бинӣ, нагўям.
— Туро бад бинам?
— Оре, бад бинӣ.
— Чунин намояд туро; зеро ман аз роҳам барнагардам…
— Рой турост, Искандар. Ту шоҳӣ. Ва ман ҳанўз ҳуқуқи малика буданро надорам, то бо ту баробар сухан кунам. Чун дар сол аз ту бузургам, метавонам баъзе маслаҳатҳо бидиҳам ва гоҳе пешомадро гўям…
— Бифармо!
— На. Ҳолиё чизе нагўям, зеро чизе аён нагашта. Чун аз ин ҷо истода Юнонро бинам, хушиҳо, нохушиҳо аёнам гардад, бигўям…
Агар дар ёдат бошад, таъкид карда будам:
«Чун маро аз худ ҷудо кунӣ, ҷудо аз Худо шавӣ!»
— Магар ин одат ва хоҳиши ҳама занони дунё нест, ки мехоҳанд ҳеҷ гоҳ аз канори мард дур набошанд?
— На, Искандар! Ин аз барои канор набувад. Аз он ки Худованд маро бо бузургии солам ба ту насиб гардонд. Ин чиз ноҷо ва беҳуда набошад.

пешина
аз 391
навбатӣ