Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ту низ чун он ҳаким маро сухан гуфтан омўзӣ?! Шоҳро?!
— Ту шавҳарӣ маро. Андар миён фарзанди мост.
— Агар фарзанди мост, чаро панҷа ба гулўи ў бурдӣ?
— Беҳушона; банди хаёл будам.
— Чӣ хаёле буд?
— Пўзиш шуд маро?
— Оре, шуд, – танҳо барои он, ки донад Барзин чӣ андеша дошт, гуфт шоҳ..
— Хаёл бурда буд, ки оё модарон ҷанинро нўҳ моҳу нўҳ рўзу нўҳ соат баробари дилу ҷигар дар андарун бузург карда, ба дунё баҳри ҷанг оваранд?
Ва хомўш монд Барзин, то аз Искандар чӣ ояд? Ў чун ҳамеша тундӣ накард, нахурўшид, андеша дошт: «Чӣ маънӣ дорад ба куштори тифли маъсуми хеш даст бурдани малика? Саҳв бувад ва ё зарурате пеш омада? Ҷосусист ё бофта?…» Вале натавонист ба таги маънӣ расад. Ва Барзин пароканд андешаашро:
— Искандар, чӣ шавад, ки баргардӣ?
— Чаро?!
Чун пешниҳоди Барзин ногаҳонӣ буд, Искандар низ бо тааҷҷуб ва ҳайратангез пурсид.
— Гераклро бояд тарбият кард.
— Гераклро? – нимхез шуд Искандар. – Онеро, ки панҷа ба гулўяш зада будӣ?
— Ҳушу ёдам рафта буд, Искандар… Бубахш… Гуноҳи ман на. Гуноҳи ҷанг. Дилгир карда. Ва…
— Ё пешомадеро донӣ? – ғайбдонӣ ва пешгўии Барзинро дар назар дошта пурсид шоҳ.
— На, Искандар.
— Рост бигў!
— Рост ин аст, ки ҷанг касеро некном накарда.
Хашм гирифт Искандар ва безобита гашт: «Шумо порсиён!
Шумо порсиён… Ту ҳам, Барзин; аз нияти хеш нагардӣ; ҳама нақшаҳои маро хом ва ботил донӣ…» Дандон соид шоҳ, ки ниҳояти хашм буд, бояд користоне бикунад. Барзин тифли парпечро бозгузошт рўйи бистар, то бигиряд ва доя биёяду бубарад.
Паси дар шуд ва тахтапушт бар дар ниҳод.
Садои гиряи Геракл омад. Сахт чашм пўшид, ки чашмонаш мешунида бошад.
Искандар фарёд зад. Доя Барзинро пушти дар дида ҳайрон шуд, вале чизе напурсида, дарро кушод ва фармуд:
— Иҷозат фармоед, шоҳ!
— Хоҳиш мекунам. – Чун шоҳзодаи таълимдида рухсат дод Искандар, вале ҳувайдо накард, ки чизе рух дода.
Дояи бофаросат, ки кори хешро медонист, тифли парпечро бардошту бирафт.

пешина
аз 391
навбатӣ