Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меъмори доно ба андеша рафт, ки Искандари таълимдида сухан аз китобу китобхона гўяд:
— Чӣ гуна китобхонаву чӣ гуна таърих?
— Таърихи Юнон, таърихи Порсу Эрон, таърихи Мақдуниё ва таърихи зартуштиёнро бояд ҳифз кард; бавижа таърихи ёдгориҳои Мисрро.
— Зиндаву поянда бод шоҳ Искандар! – садо дардод меъмори доно ва аз бағал коғазеро баровард лўлапеч ва дарёзид сўйи шоҳ Искандар.
— Ин чист?
— Бикушоед, шоҳ!
Искандар тоби лўлакоғазро кушод ва дар ҳайрат бимонд, ки меъмор чӣ гуна фикру мулоҳиза ва андешаву дархостҳои ўро пешакӣ дарёфта.
— Чун донистиву дарёфтӣ?
— Аз сўҳбати хомакиамон. Табъи шоҳ чунин мехост. Вале ман андеша накарда будам, ки тори сари арки миёна мурғи бахт бояд сохт.
— Рамзӣ ва шартист…
— … ва олист! – писандид ва мувофиқ омад дархостҳои шоҳ бо андешаву бофтаҳои меъмор.
— Нашавад, ки сари мурғро бароранд тори бом?
— На, шоҳ. Меъморон низ сару мағз ва диду завқи хоса доранд.
Искандари ҷавон табассум кард ва меъмори пуркору пурдида дарёфт, ки зери табассуми шоҳ маъниҳои зиёд нуҳуфта.

пешина
аз 391
навбатӣ