Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

БАХШИ ШАШУМ
БАНДИ ЯКУМ
Чун Искандарро маълум гашт, ки мақдуниён рў аз ў тофтаанд, аз ҷониби самаритиён зинда сўзондани сипаҳсолор Андромах дар Шомро сабаб дониста, ҳамаро гирд овард ва сўгворӣ кард, то дили ҳамватанонро гарм гардонад. Ҳамзамон беҳтарин «дўстон»-ро ба шаҳру вилоятҳо амиру сатрапу волӣ хонд ва ба ҷойи Андромахи хокистаргашта Мемнонро сарҳанг донист. Инчунин сатрапи шаҳри Шом Ариммро барои ноўҳдабароиаш аз кор сабукдўш карда Асклепиодорро шаҳрдор хонд. Ғайр аз ин бисёр «дўстон»-и Искандар шаҳрдору волии шаҳру вилоятҳои забтгашта таъйин шуданд. Ёри ҷавонии ў Гарпал, ки овони кўдакӣ барои Искандари якравро сахт тарафгириву муҳофизат карданаш аз ҷониби шоҳ Файлақус ронда шуда буд, хазинадори кулл таъйин шуд. Шоҳи мақдунӣ ҳокимону волиҳои пештараи порсиро бо ҳазор мулоҳаза ва ниҳоят эҳтиёткорона сари кор меовард, ки хоҳ-нохоҳ бегона рўзе хиёнат хоҳад кард, чунон ки юнониёни кирояи Доро гоҳи ҷанги Йусус ин корро карданд. Шоҳи ҷавон, вале ба назар пиркор барои он чунин мекард, ки ҳам кори хешро осон сомон диҳад, ҳам хотирҷамъ бошад ва ҳам ба мақдуниёну юнониён садоқати хешро нишон диҳад. Инчунин ба сардорону сарбозони сипоҳи хеш фаҳмонад, ки қасду қасоси худро аз эрониён меситонад.
Ин замон дар ҷабҳаи Порс ва артиши Дорои Саввум тадорукоти зиёде ба назар мерасид. Чун Доро сипаҳсолори мувофиқ пайдо накард, бори гарон бар дўши хеш гирифт. Ва сипаҳсолори артиши баҳрӣ Фарнабозро фармуд, ки аз баҳри Эгей сарбоз бифиристад. Фарнабози бовафо сарбоз фиристод. Инчунин аз дигар кишварҳо омаданд сарбозон. Шоҳаншоҳ зари хазина сарф кард бардаҳоро. Шумори сипоҳаш аз дувист ҳазор гузашт. Доро ғарра шуд ба шумор, ки сипоҳаш аз лашкари Искандар фузунтар гашт.
Ва он ҷо Искандар донист, ки Дорои Саввум андар Бобулистон аст. Фарову ҷамъ меорад лашкар ва зари порсӣ сарф кунад сарбозони кирояи юнониву мақдуниро. Инчунин донист суст шудани нерўи Фарнабозро дар баҳри Эгей; тасмим гирифт фурўтар равад ба Осиё…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо