Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чунон манзараҳое, ки ба ҳеҷ манзараву маъвои то ин вақт дидаи сарбозони сипоҳи Искандар ва сардорони лашкар ҳаммонанд набуданд. Тарзи биносозии бобулиҳо аз тарзи хонасозии юнониҳо ва мақдуниҳо ба куллӣ фарқ дошт. Аз ин рў сарбозон бурҷу бора, коху хона ва дижу маъбадҳоро дида бо ишораи ангушт пинҳонӣ ба якдигар нишон медоданд, ки Искандар набинад ва «нодидаҳо!»
гўён наъра накашад.
Вақте муҷассамаҳои шаҳрро диданд, даст бар сар заданд.
Муҷассамаеро пайдо накарданд, ки саропо андоми инсонеро таҷассум кунад. Пайкараҳои зиёд, вале ҳеҷ яке шабеҳи асли худ набуд:
сари пайкара сари одамӣ буд, болҳояш олуҳӣ (уқобӣ), пойҳояш говӣ ё асбӣ ва ё аз ягон ҷонвари дигар. Сарбозон афсонаҳои қадими юнониро шунида буданд: одами болдор, асби қанотдор, гурги ёлдор, деви ҳафтсар, аждари нўҳсар ва шабеҳи инҳо; вале надониста, ки инсону ҳайвон зери як пўст бошанд.
Китобхонаи бузурге вуҷуд дошт, ки бо оҷур сохта буданд ва бар он хиштҳои пухта таърих ва русуми бостонии бобулӣ насбу нақш шуда; инчунин номи подшоҳи он кишвар Навходоносорро навишта буданд, ки дар замони ин ҷаҳонсолор бунёд ёфтани китобхонаро дарак медиҳад.
«Шарқиёни бофарҳанг китобдўст будаанд… Дар Искандарии Миср китобхонаи бузург сохтанам беҳуда набуда.» – аз дил гузаронд Искандар ва сухани устодашро ёд овард: «Байнаннаҳрайн минтақаи Обу Офтоб бувад…» ва афзуд: «Обу Офтоб ҳамаро расонад.»
Эшонро он қадар хуш омад ин ҷо, ки аҳроми Миср ва ё зебоманзарҳои дидаашон он қадар таъсир нагузошта буданд. Сарбозон рўҳ гирифтани Искандарро дида гуфтанд: «Мо розӣ ҳастем бақияи умри хешро дар ин ҷо бигузаронем».
Искандар ба ваҷд омад ва аз гардуна фуромад:
— Базм ороед!
Садои карнаю сурнай ва чангу дуҳул боло шуд.
— Тойис куҷост?! Гетерҳои отинӣ куҷоянд?! – худдорӣ карда натавонист шоҳи ҷавони тезмағзу тезхун.
Базми Искандарӣ оғоз ёфт. Майи юнонӣ оварданд; шароби арғувонӣ оварданд. Искандар аз шохҷом май меошомид. Ин замон ҳама чизро фаромўш карда буд; ҳатто дидани хазинаро. Ончунон сармаст ва масрур ва шодон буд, ки ҷуз базм чизеро дидан ва ёд овардан намехост. Ҷангҳо ва роҳпаймоиҳои тўлонӣ ва талафотҳо як андоза дилгираш карда буданд. Гетерҳо, Барзин ва ҳатто Геракли хурдак аз ёд рафта буданд; ҳатто модару зану фарзанди Дорои Саввум ва таҳдиду таъқиби худи ўро фаромўш карда, гоҳ-гоҳ ба мардиву мардонагии ҷаҳондор лаънату нафрат мехонд.

пешина
аз 391
навбатӣ