Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Кафкўбӣ ба базм гузашт; худ аз худ давра гирифтанд, садои карраной баланд шуд, ба ҷойи овози шайпури ҷангӣ оҳанги сурур баромад. Шароби бобулӣ ва майи юнонӣ рехтанд ва гетерҳои нозанини юнонӣ нағмаву усул карданд. Мозай худро ниҳоят наздик мегирифт ба Искандар; саҷдаву таъзим мекард, вале ҳаракат дошт ў нафаҳмад, ки сатрап аз майдони набард гурехта. Аммо андомаш дар ларза буд ва шароб намехўрд; вонамуд мекард, ки мехўрад. Чун базм қиём кард, Мозай шаҳри Бобулро бахшид ба Искандар ва эълом дошт, ки сарсупурда аст шоҳи мақдуниро. Искандар пазируфт пешниҳоду хоставу бахшишҳои сатрапи Бобулро, аммо бовар надошт ба онҳо. Дудила ва дугумона буд. Дар назар бо онҳо ҳамфикру ҳамсоғар, таги дилаш дигар. Амр кард сипоҳро, то саф нашикананд ва пароканда нашаванд. Бобулиён дар чеҳраи шоҳи мақдунӣ аломати норозигӣ дарёфтанд ва дижбону хазинадори Бобул Баҳофан калиди хазинаро ба ў супурд, то шоҳ аз Мозай кам надонадаш. Садои ҳаёҳуи ҳозирин ба фазо печид; шодбош мегуфтанд Искандарро ва шоҳи худ медонистанд. Хуш омад шоҳи мақдуниро. Бусефали номдор раҳо кард, нишаст ба гардуна ва майли тамошои шаҳр кард. Раҳораҳ гулафшонӣ мекарданд ўрову сипоҳашро. Халқи тарсу «озодибахш»-и худ медонист ўро. Баробари сипоҳи мақдунӣ аз ду канор кўдакон роҳ мепаймуданд. Ҷастохез ва шодмонӣ доштанд. Ғалмағал ва дастафшон тохтани онҳо ҳаракати лашкари Искандарро шукўҳ мебахшид. Аммо кўдакон намедонистанд, аз чӣ рў чунин шодмонӣ мекунанд. Ба назарашон як навъ ид метофт чунин раҳпаймоиву гулафшонӣ ва шукўҳу шаҳомат; ба сангҳо бархўрда ва садо дардода сум задани асби саворон; бо тартибу саф гом задани найзаварону камондорон ва худиву бегона якҷоя рафтани сипоҳиву мардум намоише буд ғароиб. Бо чунин ҳашамат ва шукўҳ сипоҳ вориди шаҳр шуд. Шаҳри хурраму зебо саросар нахлистон буд ва сояафкан: нахли хурмо, лимў, норинҷ ва дигар дарахтони боровару буттаҳои ороишӣ. Ҳама об аз Даҷла мехўрданд ва марзҳои баланд воситаи чархоб шодоб мегаштанд.
Мақдуниён аз шукўҳу азамати Бобул ҳайратзада монданд.
Кохҳои зебо ва боло ва зина-зина ақлу ҳуш аз сари онҳо бурд; бавижа боғҳои муаллақу осмониро дида дар шигифт монданд ва пиндоштанд боғҳо дар самову фазо сабз гашта, об аз осмони обӣ мехўранд. Ин аз он буд, ки шаҳр дар доманаи теппаи баланд ва моварои кўҳ сохта шуда. Ва коху хонаҳои зебо ва кўшкҳо чун лонаҳои паррандагон андар шебу фароз ва ёнаҳои теппа бунёд гаштаанд.
Бурҷи маъбадҳои зарандуд; тиллойӣ ва зарҳалӣ ва ширранг ва минўйӣ ва зумуррадӣ ақлу ҳуши сарбозони юнониву мақдуниро рабуд. Чун онҳо офтобзард ба он мавзеъ расиданд, аз таҷаллии қуллаҳои зиррину симини бурҷҳои маъбад ақл гум карданд.

пешина
аз 391
навбатӣ