Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Худованд ба шаҳр ва бурҷе, ки месохтанд, нигоҳ карда гуфт: «Инак қавм як аст ва забон як…
Ҳар коре, ки карданианд, барояшон дастнорас нахоҳад буд. Пас фурўд оем ва забони ононро дар он ҷо махлут гардонем, то забони якдигарро нафаҳманд…»
Худованд забони одамонро махлут кард, то ҷое, ки онҳо забони якдигарро нафаҳмиданд ва сохтани бурҷро давом дода натавонистанд. Аз ҳамин сабаб он ҷо «Бобул», яъне «ихтилот» (махлут,
1 омехта) номида шудааст.
Ҳеҷ шаҳр ба зайли Бобул набуд. Деворҳояш баланду қавӣ ва мустаҳкам. Агар ин шаҳр ҳокими хубу тавоно медошт, лашкаре ҷаррор низ аз чунин девор убур карда наметавонист. Бурҷи ҳафттуи бисёрзинаи оҷурӣ дорад. Аз бесоҳибӣ ё мурури замону гардиши айём баъзе ҷойҳои ҳараму манора ва маъбаду ғурфаҳои меҳробшакли он футур рафта, мекоҳонад ҳусни аркро. Арку кўшки Навходоносорро гўё аз эътибор соқит кардаанд. Варна чунин ройгон ва осон Искандарро намебахшиданд.
Пули мўҳташаме, ки рўйи рўди Даҷла сохтаанд, зебу зиннату шукўҳу ҳашамати маъбаду ҳарам ва бурҷро даҳчанд мегардонад.
Бурҷи Ҳафтту аз ҳунару санъати олии меъморӣ ва ақлу тахайюли волои устоҳои он замон бувад. Омадаҳоро дар шигифт андохт он шаҳр ва онҳо Бобулро шаҳри мўъҷиза хонданд. Искандар худро гум накард, чунон ки дар Миср хештанро гум карда буд. Зар эҳсон кард ба мардум, ҳадя бахшид ва сокинони шаҳрро то ҳадде расонд, то ўро озодибахши хеш донанд ва номбардори шоҳони Порс хонанд. Ў харобаҳои маъбаду бурҷу бораро дида сари таассуф афшонд, дилсўз вонамуд худро. Ваъда низ дод, ки созу обод кунад вайронаҳои ҷойҳои муқаддасро. Имон овард ба худоён ва халоиқ, то имон оваранд онон. Шоҳи кишваркушо сараввал харобаҳои Бурҷи Ҳафттуро тармиму таъмир карданӣ буд.
Бо хости сокинону коҳинони ҳарам қурбониҳои шоҳона кард.
Қурбонӣ ба рўҳи Аҳура Маздо ва Навходоносор. Одатан дар иди мубораки Наврўз шоҳонро тахтнишин ва тоҷгузорӣ мекарданд ва мекўшиданд, ки он рўзи муборак ба дасти Мардуки бузург даст расонанд, то ҳамасол шодком бошанд. Лекин қурбониҳои зиёди Искандар имкон дод, ки ў пеш аз соли нав ба муроди дили хеш бирасад ва тахту тоҷ ва давлатро расмӣ ва қонунӣ гардонад.
Тантана карданд пирўзӣ, бахшишу тўҳфаҳо ва қурбониҳои бешумори ўро, то «ҷаҳонбон» хонандаш. Чун дабдабаву ситоишу бардор то осмон расид, ў хешро ҳокими мутлақи Осиё донист.
Акнун раво медид ҳама гуна нағмаву усулро. Дар базми тантана

  1. Аз китоби «Библия», боби 11, оёти 1-9.
пешина
аз 391
навбатӣ