Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

шоҳ Искандар Мозаи хушомадгўйро сатрапи Бобул таъйин кард; инчунин рухсат дод, то тангаи худро сикка занад.
Искандар ба порсҳо ё эътиқод пайдо карда буд ва ё вонамуд мекард. Ҳар порсе, ки ҷониби ў гузашта бошад, вазифа медод дар шаҳрҳои забткардаи порсӣ, то мардум бештар бовар кунанд ва имон оваранд. Шиори мақдуниён, ки «аз асорати порсҳо озод бояд буд» мегуфтанд, дигар шуд. Инак порсҳову мақдуниён бояд якҷоя давлатдорӣ кунанд.
Хазинадори шаҳри Бобул марди мақдунӣ таъйин шуд. Хазинадори аввал, ки аз пеши худ калиди хазина Искандарро ҳадя карда буд, думба ба замин мемолид. Дере нагузашта назди дари хазина уштурони сурхмўй зону заданд. Сандуқу ҳуққаву қуттӣ ва халтаҳои симу зар бор шуданд бар кўҳону каҷоваҳои бист ҳазор уштури сурхмўй ва қофила кашиданд сўйи Мақдуниё. Бонги ҷарасҳо боло шуданд баробари фиғони бесадои бобулиён; ба ҷойи мардуми Бобул уштурон бонг заданд фўк сўйи осмон. Ва рух намудани ситораи Корвонкашро нигарон нашуда, ноогоҳ аз русуми корвон баробари пайдо гаштани ситораи Корвонкуш маҳмил бастанд сўйи Мағриб. Шамшерзанони дарси ҳунар омўхта миёни кўҳаву кўҳони норҳо нишаста маҳор тофтанд ҷониби мулки хеш.
Искандар аз паси корвони зар дерёз нигарон монда, дарёфт, ки хобаш баромад. Таъбири хони пурзари водипўши хоқони Чин ҳамин нахи зарини уштурон бувад. Завқ кард шоҳи нодида аз фарҷоми хоби дидаашу рафти қофила; шодмониаш ҳувайдо гашт дар лабонаш. Ва аммо рафти корвон чандон хушаш наомад; сангпуштвор мерафт қофила. Искандар пиндошта, ки ба зудии зуд нарасад то Мақдуниё. Чун ёд овард, ки корвонҳои ганҷи пешин ҳама рафта расида буданд ва ҳокими Мақдуниё пайки расидани корвонҳоро мефиристод, боз хоҳад расонд.
Ин бор шоҳи марзҷў базми хоса хост, ки гетерҳоро фаро хонд ва аз Мозай дархост кард, то канизакони порсӣ оварад. Чун Мозай аз нав сатрапи Бобул дониста шуд, аз канизаки порсии бобулӣ овардан сар накашид. Базми Искандарӣ шуд. Чун базм авҷ гирифт ва Искандар қиём кард, канизакони бобулиро ба ёрон ва ҳамрикобони хеш бахшид. Ва шаборўз базму шодмонӣ буд то моҳе.
Ва ҳар рўз гўш ба қимор буд, ки хабари ба Мақдуниё расидани уштурони сурхмўйро меоранд…
Тўли як моҳ ҷуз базму мастӣ Искандар бо сарбозон ғизо мехўрд, шамшербозӣ мекард бо шарту гарав; чун бозиро бохт, гаравгон медод. Рўзҳо дар шати Даҷла обтанӣ мекард ва шабҳоро дар яке аз боғҳои муаллақ мегузаронд. Иддае аз ситорашиносони бобулиро назди хеш хонда, давра мекард ва бо онҳо роҷеъ ба ахтарон сўҳбат меорост; хосияти ҳар як ситораро мепурсид. Искандар аз сўҳбати мунаҷҷимони бобулӣ донист, ки ситорагон низ чун одамон саъду наҳс мешудаанд; қисмат доштаанд ва афсона.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо