Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ту ба ман мегўйӣ, ки булаҷаб тамошо кунам.
Ку ҳамон булаҷабҳоят?!
— Марҳамат, дар ин толор…
Дар кохи фарҳанг муҷассамаҳоеро дид, ки касро ба ҳайрат мегузошт. Бо вуҷуди он шоҳи мақдунӣ як чашм ба муҷассамаҳо дошту чашми дигар ба дари хазина. Муҷассамаҳои кушандагони
1 писари тирани Отин Писистрат, ки онҳоро Гармодий ва Аристогитон ном мебурданд.
— Чӣ гуна муҷассамаҳо ба ин мулк афтода? Магар пеш аз мо ҳам кишваркушое буд? – таҳпурсӣ кард Искандар.
— Ин муҷассамаҳоро шоҳи ҳахоманишӣ Ардашер оварда аз Юнон, – фаҳмониданд ўро.
Искандар ғуррид чун шер ва рў овард ба сарони сипоҳ: «Ман беҳуда ба Шарқ лашкар накашидаам. Ин корро касе мекунад, ки хуни мақдунӣ дорад; нангу номус дорад; писари худоён бошад.
Ҳолиё бояд подош бидод ҳама корзору кирдору рафтори порсҳоро! Бор бандед муҷассамаҳоро ба гардунаҳо ба пилҳо; бубаред то киштиҳо!»
Искандар чун фарзанди сарсупурда, аз рўйи аҳдномаи Коринф пайкараҳоро бозпас ба Отин фиристод ва назди сарону сарбозон нафаси осуда кашиданашро нишон дод. Аммо вонамуд кард, ки кордор нест ба ганҷу гарди хазина. Луқмаву таҳдиди Лисимах ва қисмати муҷассамаҳо ўро андаке ба худ овард ва шармид аз рафтори зарҷўёнааш.
Чун муоинаву мушоҳида ва диди хазина поён ёфт, посу сарпоси мақдуниро гирди хазина гузошт ва дилу бедил ба базми пирўзӣ рафт: «Базмро бояд ба фардо мегузоштем… Магар талошу тарака намешавад?»
Ўро бар авранги ҳахоманишӣ нишонданд. Бар сараш тоҷи шоҳӣ монданд; ҷомаи фохири эронӣ пўшонданд; камари ҳафтнигин бастанд. Дар маснади шоҳӣ пиндошт, ки Куруш аст, Дориюш аст.
Вале фарру шукўҳи хусравонӣ надошт. Қомати ҷавононааш паст буд бар тахти баланд… Чун пойҳои Искандар муаллақ буд ва намерасид ба замин, зери пояш курсӣ гузоштанд. Ёдаш омад, ки дар бистсолагиаш, гоҳи бар маснади шоҳии Мақдуниё нишондан низ пойҳояш ба мафраш нарасида буд, чунин поя гузошта буданд.
Ҳолиё ҷулуси дубораи шоҳи ҷавонбахт бувад.
Искандар Абўлитро расман сатрапи Шуш хонд. Ва дигар ҳама сарону нигаҳбонони давлату мулк аз мақдуниён таъйин шуд. Шоҳи тозаҷулус ҳамзамон фармуд, ки зару зевар ва дороии мардуми Шушро низ гирду ҷамъ оваранд; агар хазинааш чунин бошад, дороии мардумаш чун бувад. Сарбозон аз пайи иҷрои фармо-

  1. Тиран – ҳокими бедодгар; золим, ситамгор.
пешина
аз 391
навбатӣ