Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ни шоҳ шуданд. Инчунин амр кард кўфти бистрўзаи роҳро бо базму сур рафъ кунанд. Вонамуд кард, ки шоҳи ҷаҳонхоҳ аз пайи дунёйӣ набуда, ғами халқро ва Шарқро хўрад ва ғами сипоҳу ёру ёваронашро. Дар асл зимни базм ва хумори шароб аз лавҳи хотир гузаронд, ки ин бор дороии порсиёнро ба чӣ ранг уштурон бор банданд.
«Бар авази ду пайкара ин қадар ганҷ бад набувад. Искандариҳои беҳисоб бояд сохт».
Ин бор уштурони сурхмўй кифоя накарданд барои бурдани зару зевар. Аввал тилло бор карданд бар сорҳои сурхмўй; сим бор карданд сутурони хокистаррангро; зару зевар ва ҷавоҳир савор карданд норҳоро. Он рўз низ ид буд. Чунон ки омадани сипоҳи Искандарро дар канори роҳ аз ду ҷониб саф ороста, пазиро мешуданд, рафтани қофилаи тавиларо ҳаммонанд гусел мекарданд. Ҳар ду сафоройӣ ҳам самимӣ ва аз таҳти дил набуд. Ҳар ду хандаҳои ориятӣ доштанд ва ризоияти сохта: мақдуниён шодон, ки мебаранд; Порсиён ғамнок, ки бурданд. Гарчӣ дар рафтани корвон ба тамошо баромада буданд, медонистанд, ки ҷонашон меравад: «Дар рафтани ҷон аз бадан гўянд ҳар навъе сухан, Ман худ ба чашми хештан дидам, ки ҷонам меравад.» Рафтани «ҷон»- ро ҳама медид, аммо касе чизе гуфта наметавонист ё намеёрист бигўяд. Онҳо медонистанд, ки чу ҷон раваду барнагардад: на сутурон, на зару хоста; аммо рўзе омадаҳо бояд бираванд ва ҳарчӣ зудтар бираванд, хуб аст. «Замину мулки порсӣ боқӣ монад, боз зар мерўяд.» Агар Антипатри ворис ба Мақдуниё ҳиммат кунад, аз лаби ин хоставу фиристода бардаҳои юнонӣ киро кунад ва даста-даста Искандарро ёрманд фиристад дар сахтӣ. «Порсиён зар фиристанд ба Мақдуниё барои маҳви хеш…»
Искандар, ки чандин мамолики Порсро безаҳмат ва бепархош ба тасарруфи хеш дароварда буд, омадани фавҷи кирояро дида сўйи сипаҳбади навкор Аминта ишораву табассум кард, ки бемаргу анўша хоҳад монд. Гетӣ дар итоати ўст. Ва боз чун пайғоми бар шоҳи Спарта ошўбгари бебок Агиси Саввум пирўз шудани Антипатрро дарёфт, аз шодӣ Аминтаро ба оғўш кашид. Аз хушнудӣ Барзини нозанинро талаб кард. Зару ҷавоҳире, ки барои зебу зиннат аз хазинаи шоҳӣ гирифта буд, бар гардану гўши зан овехт ва ангуштарӣ бар ангуштонаш гузаронд. Чу машшота оро дод ўро, чу доя парастиш кард ва нигарист хуморӣ ба орову торояш, ки нав дидаву нав ошиқ шуда бошад.
— Арғушт бирав!
— Натавонам…
— Чӣ зане ҳастӣ, ки арғушт рафта натавонӣ бо чунин зебу зиннат?
— Чунин зебу зиннатро бояд ба Тойис медодӣ, чаро маро додӣ?

пешина
аз 391
навбатӣ