Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

— Ман ҳам андар ин хаёлам, шоҳ… Ин чиз эрониёнро тааҷҷубовар набувад; дар ин мулк дузду дуздӣ нест. Агар дузде пайдо шаваду як бор дуздӣ кунад, дасти росташро бибурранд; бори дигар дуздӣ кунад, дасти чапашро бибурранд; бори саввум дуздӣ карда натавонад, зеро даст надорад; агар бо даҳон дуздӣ кунад, сараш гиранд. Чун қонунашон сахт аст, дуздиву ғоратгарӣ вуҷуд надорад.
Вазир суханашро идома дод: «Агар дузд буд, эҳтиёт карда буданд. Чун донанд, ки зару симашон барҷой мемонад, бепосбон гузоранд».
Аз ин ҳарфҳо ба гўши Искандар чизе намедаромад. Аз хусуси низому тартиби давлатдорӣ андеша мекард ва хулоса мебаровард андар зеҳн: «Агар ғорату дуздиҳои сарбозони моро аз рўйи қонуни эрониён ҷазо фармоем, аъзои бадани онҳо мерасида бошад?»
«На!»
Ин садои ботинии Искандар буд, ки рух зад. Вале вазир нафаҳмид, ки ин чӣ посух аст. Бо тааҷҷуб ба рўйи шоҳ нигарист:
«Яъне?»
— Мо дуздӣ намекунем; рўйирост мегирем! Қонуни ҷанг чунин аст: дунё аз они зўр! Молаш низ!
— Оре, шоҳ! Замоне онҳо низ чунин карда буданд, вале як дасти рабударо набуриданд.
— Аммо ин чӣ макру ҳиял? Бо чунин низому қонун чунин тарсуйӣ? Гумон мекунам, дом гузоштаанд.
— На, шоҳ. Аз овозаи набарду лашкаркашиҳои Искандари Мақдунӣ огоҳ гаштаанд. Яқин кардаанд, ки бозўи ҷанг надоранд.
Сари Искандар гарм шуд аз андеша, танаш тафсид ва дар ҳавои сард хай баровард. Ва ҳоло, ки аз ҳаросу бим ҷомаи ҷангӣ бадар накарда буданд, ҷавшану кулоҳи ҷангӣ гаронӣ меовард.
Кулаҳхўд аз сар гирифт ва калларо соиш дод. Дасташ тар шуд.
Ба худ омад:
— Дар ҳар ҳолат ман хонаамро бесоҳиб намегузоштам… Макре ҳаст.
— Ба назари ман ҷуз тарс чизе нест… агар фан буд, посбонон ва нигаҳбонон, ки дижу шаҳрро наззора мекунанд, пайғом меоварданд. Як шаборўз гузашт ва моро касе чизе намегўяд.
— Ман низ чунин андеша дорам, вале хотирам ҷамъ нест…
Воқеан он савор куҷост?
— Кадом савор?
— Саворе, ки калид оварда буд!
Зуд фармуданд ва он савори иҳота доштаро пеш оварданд.
Искандар дуру дароз нигарист ба ў ва пурсид:
— Ин чӣ найрангест?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо