Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

бурҷу бораҳо ҳама якдигарро пурраву ғанӣ мегардониданд ва азамату ҳашамату шукўҳу фарри дижро намудор месохтанд ва зебо мегардониданд. Кохи шукўҳманди ҳахоманишиҳо аз толори Пазиро, толори Садсутун, толори хоса, Толори Куруш, девони Вазир ва чандин толору ҳараму хонаву ҳуҷраҳо ва бурҷу бораҳои беҳисоб иборат буд; бо ҳусну зебоиву азамату шукўҳ; зарҳаливу тиллоиву зумуррадӣ, самовию минўиву обӣ ва дурахши хеш рашки ҳар бегонаи бадхоҳро меовард. Агар шоҳони ғайр чунин кохи беназирро дида буданд, ҳатман аз дил гузарониданд: «Чаро ин кох дижи мо нест?!»
Гоҳи вурўд аз дасти рост толори Пазиро қомат афрохта буд, ки равоқу пештоқҳои зарин, дарҳои зарҳалкорӣ, кунгураву сардариҳои тиллойӣ дошт ва равзанаҳои тори дар аз панҷараи гаҷӣ; сари ҳар сутун сурату андом ва нақшу ҳайкали ҷонваре ва бештар сари шеру ғажговҳо буданд. Ва дохили толор ҳама сохта аз симу зар, ки каёну шоҳаншаҳони Эрон меҳмонони воломақом, шоҳони кишварҳои бегона ва муҳиббони хешро аз дари он маъво пазиро мешуданд. Зартахт, зартоҷ, зарҷома ва ҳама чизҳое, ки аз зар месохтанду мутааллиқ тиллоро буданд, дар ин толор ҷой дошт; ҳатто зартахтаву зархон ва заркосаву зарҷом. Қолиҳои сурху арғунунии зарҳалӣ низ тиллойӣ метофтанд. Аслиҳаи ҷангӣ низ зарин буд; рамзи шукўҳу иқтидори давлатдорӣ.
Дар паси вурўдгоҳ толори муҳташам ва шукўҳманди «Садсутун» воқеъ гашта, ки зебу орояш касро гирифтор мекард, то дерёз чашм чаронад. «Ҳеҷ биное дар Юнон ва дигар шаҳрҳо ба пояи Персопол нарасад.» Аз мағз мегузаронанд юнониҳову мақдуниён толори Садсутунро тамошо карда. Сутуну шаҳсутуну посутунҳои ин толор ва аршу фарши он ҳама аз санганд. Чун офтоб тулўъ кунад ва машъале афрўхта гардад, ончунон медурахшад, ки чашми нигоҳ хира месозад. Ва ин толори кушоду бовусъат ва бузург ҳама сарону сипоҳи Искандарро гунҷонд. Ва сохти он аз назари корсозӣ ва меъморӣ чунон буд, ки Искандар аз авранги нишастааш ҳама сарбозонро медид ва сарбозон аз ҷойи истодаашон шоҳро медиданд. Искандар ба чизе нигоҳ накарда, чун хонаро бехушдоман дарёфт, ба айшу нўш пардохт, то кўфту хастагии роҳ барорад ва ҳам ваъда дода буд сарбозонро, ки Эроншаҳрро бигирад, муддатҳо фароғат хоҳад кард...
Ҳолиё шоҳи мақдунӣ нороҳату ноором буд, ки чунин дижу манзилу маконро бесоҳиб партофта рафтани эрониён беҳуда набувад; найрангест. Ё доми тазвир. Дидбонҳо, посбонҳо ва талоя ва пештозҳо лаҳза ба лаҳза огоҳ мекарданд, то шоҳу сипоҳ ҳушёр бошанд.
— Ё Никатун, ин чӣ вазъ аст? Агар ту, чунин ҷою манзилро партофта мегурехтӣ? – хастагиҳояш рафъ шуданд, ки андешаи дигар кард шоҳ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо