Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ханда омад дар лабаш…
… аммо камандҳо канда шуданду сари шоҳаншоҳ аз тан ҷудо нагашт; дастҳо обила бастанду порае, узве аз муҷассама беҷо нашуд. Сарбозон чу мўрон, ки ба тори дарахти азим часпида бароянд, путку мисронҳо ва чоку чакуш дар даст тори сари пайкара, сари бозу ва пояи ҳайкал буданд ва усули барафкандани азаматро намедонистанд; ба як зарб садо мекард биринҷӣ, ба зарби дигар садо намедод чу санг ва путки бархўрда пас мерафт аз вазну зарби худаш. Искандарро хашм омад ва фармуд танобҳои пурдошт банданд ва пилони зўр бикашанд…
… Танобҳо канда шуданд; пилони зўр ба сар рафтанд; аммо ҳайкал нашикаст ва наҷунбид.
Искандарро аҷаб омад. Бифармуд пояи ҳайкал кобанд.
Кофтанд. Ба арзиз рехта ва васл карда буд оҳан ва то поя.
То замин кофтанд ва боз симтаноб баста бо пилони нерўманд кашиданд; барафканданд…
… ва аммо аз дари толор намебаромад «шоҳаншоҳ».
Ҳамчунон ба ҳолаш гузоштанд ҳайкалу толори пургилу хокро ва сарбозон муҷассамаро зери пой карда баромаданд аз толор.
Пасон Искандар андар толори Пазиро бар тахти зарин нишаст; баъди хашм гирифтанҳову ғазаб кардан ва дидану шунидан. Лекин тахтнишинии Искандар эрониёнро маъмул ва мақбул набуд; зеро каёни порсӣ ва шоҳаншаҳони эронӣ дар ҷашни Наврўз тахтнишиниву тоҷгузорӣ мекарданд, ки шукўҳу тантана дошт. Ҳоло, ки миёни чиллаи зимистон аст ва мақдуниён русуми эрониёнро намедонанд, «пеш омад, хуш омад» кунанд. Зартахт, зартоҷ ва зарҷома ранги сапеди шоҳи тозаҷулусро, бо вуҷуди дами офтоб хўрданаш, дигаргуна нишон дод. Вале ба каёни порсӣ ва шоҳони ҳахоманишӣ монанд накард. Шоҳиаш низ андар Тахти Ҷамшед фарру шукўҳе надошт. Ҳолиё низ таги пойи ў зеркунда гузоштанд; чун расму оини ҷулуси порсӣ намедонист, хеле сода ва оддӣ ва низомиёна бар маснад нишаст. Шодон гашт ва ба айшу нўш пардохт. Чунин ҳангомаву аврангзебии шоҳи мақдуниро дида яке аз наздикони шоҳ Искандар фарёд зад: «Худоё, куҷоянд эллиниҳои фавтида ва аз чунин хушрўзӣ маҳрумгашта, то бубинанд, ки Искандар чӣ гуна ба тахти Доро нишаста!!!»
Пайк омад, ки хазинадор пайдо шуда. Шоҳ фармуд биоваранд.
Хазинадор Фрадат, ки марди хеле фарбеҳ буда, имрўзҳо, шояд бар асари ғусса бошад, аз гўшт фуромада, пўсти лунҷҳояш чун пўсти гардани қози парканда кашол метофт, рў ба рўйи тахти шоҳӣ бозистод ва тавозўъ кард, ки миёни дардмандаш ба шакли дол гирифтани ў имкон намедод. Дергоҳ қомат рост накард; то замоне, ки Искандар фармуд:
— Фрадати овозадор ту ҳастӣ?

пешина
аз 391
навбатӣ