Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хазинадор қомат рост кард базўр ва сар афшонд: «Бале.» Вале ҳайрон монд, ки чаро шоҳи мақдунӣ ўро «овозадор» хонд.
— Чаро ба пешвоз худат набаромадӣ, пайку пайғом фиристодӣ?
— Пўзиш аз шоҳ, хазинаро нигаҳбон будам. Агар ман ба истиқболи шоҳи ҷаҳон меомадам, хазина тороҷ мегашт. Он ҷо истода ганҷи хазинаро барои шоҳи ҷаҳон ҳифз кардам. – Фармуд ва хеле шерак гашта ба рўву сурати Искандар нигарист, ки он чӣ андешида буд ва пиндошта, дар симову андомаш дарёфт накард.
Хаёлаш Искандар низ чун шоҳони порсӣ бо карру фарр, бошукўҳ ва аврангзеб метобад. Аммо ҷавоне беш набуд ва тоҷу тахтро масхара мекард: «Наход хазинаро барои ту ҳифз карда бошам?»
— Хазинаро барои мо ҳифз кардӣ?
Хазинадор як қад парид, ки чун андешаи ўро дарёфт шоҳ?
Дилаш ба зер шорид ва пушаймон аз кардаву андешаи хеш буд; аммо ноилоҷ:
— Оре, шоҳи ҷаҳон…
Оддӣ ва бетавозўъ тасдиқ кард Фрадат. Искандар ба ин чиз эътибор надод, аммо вазири доно пай бурд.
— Агар хазинаро ҳифз кардӣ, пас хазина аз они туст! – рамуз гирифт шоҳ.
— На, шоҳи ҷаҳон, хазина шоҳро зебанда…
— Бояд дар ин муддат ҳаққи худро ситонида бошӣ?
— На, шоҳи ҷаҳон. Агар ман даст ба қаллобӣ мезадам, шоҳони эронӣ маро хазинадор намегузоштанд. Дигар ин ки дар тариқати порсҳо дуздиву қаллобӣ вуҷуд надорад…
Ва шоҳ Искандар чандон ба сухани ў эътибор надода, якбора амр кард сарбозонро:
— Биравед ба хонаҳои мардум ва ҳар чӣ дидед, бардоред!
— Шоҳи ҷаҳон, ҳоҷате надорад… Ҳар қадар зўр дошта бошанд, аз хазина бардоранд, мерасад!
Искандар лабханд кард аз ростиву содагии марди порсӣ; ҳамзамон шод низ шуд аз ахбори ў:
— Ман эшонро паймон карда будам…
Сарбозон ба талаву тороҷи хонадони эронӣ рафтанд ва Искандар бо раҳнамоии Фрадат сўйи хазина… Фрадати ганҷур тамоми ганҷу колои ганҷинаро ба шоҳи зарҷў нишон дод. Искандарро ваҳму ваҳшат пахш кард, ки кай ин дунёйӣ ва чизу чораро ба Мақдуниё мерасонад… Чашмонаш сиёҳӣ заданд ва дилаш чун лахти гарм фурў рафт. Даст бар сари синаи чап бурд; дар сараш дигар чиз давр мезад: «Аз они ман; ҳамааш аз они ман!»
Як саду бист ҳазор толон зару сими хазина ва дигар ҷавоҳирот, колои ороишӣ ва фарҳангӣ ва ҳунарӣ саҳл монда, ки шоҳи дунёхоҳро шодимарг гардонад. Ҳарису чашмгурусна ба ҳар сандуқу ҳуққа ва хуму кўза ва зарфҳои зиёд менигаристу дармеафтид:

пешина
аз 391
навбатӣ