Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Зартушти Спитамон бо зар набишта. Номи ман Фрадат аз ҳамин китоб аст.
Чун Искандар хати порсиро хонда наметавонист, аз гуфтаҳои хазинадор чун шогирди Арасту аз рўйи дарку фаросот маънӣ кашид ва ҳар андешае, ки дошт, дар дил дошт: «Ин халқ бемаргу анўша бувад…» Оҳиста пўсти чу коғаз сапедро бозпас гузошт ва дергоҳ ба худ наомад. Гарчӣ коло тамошо мекард, зарфҳои тиллойӣ медид ва ҳайкалҳои зарину симин, фикру хаёлаш ба китоби муқаддас банд шуд. Аммо ин пўсткитобро бор бар сутурон набаст.
Бори гарон донист. Лекин дерёз тоқат наовард:
— Чаро ин пўстҳо дар хазина нигаҳдорӣ мешавад?
— Ин хатти зарҳалие, ки дар пўстҳо набишта, хати Зартушти пайғамбар бувад. Худи Зартушти Спитамон шоҳ Виштоспро оварда ва ў харидорӣ карда. Аз ин рў бартарин ганҷи ин хазина ба шумор равад.
Искандари таълимдида муродро хуб дарёфт, аммо хешро ба гўлӣ зада, боз пурсид:
— Чӣ набишта дар ин китоб?
— Маънии ин китоб ба гуфтан ифода нагардад, шоҳи ҷаҳон.
Аз офариниши олам, худоёну пайғамбарон, фариштагон, подшаҳон, қаҳрамонон, одаму ҳайвону набот; тарзи давлатдорӣ, некии инсон то илми кимиёву нуҷуму тиббу ҳандаса; илми адаб…
готҳо, яштҳо ва ояҳо дар хусуси касе ё чизе баҳс кунанд.
Искандар мароқ зоҳир кард:
— Ин пўстҳоро ба толори Садсутун бубаред! Донишманде, мўъбаде ё Фрадат хонда, ба мо тафсир хоҳад кард.
Ин замон андоми Фрадат ба ларза даромад. Искандар, ки паҳлўи ў мегашт, ларзиши тани ўро пай бурд:
— Чаро ларзӣ?
— Сармо зада.
— Ё аз тафсири пўсткитоб тарсидӣ?
— На. Сармо зада.
Искандар зарҷомаеро бардошта, хазинадорро пўшонд:
— Гарм бишав… Ту ҳоло дар ин хазина хидмати зиёд дорӣ.
Фрадат маънии сухани ўро фаҳмид, ки ишора ба боз гирд овардани зару сим мекунад, вале намедонад, ки бо хазинадор чӣ шавад.
Искандар аз хазина модараш Олимпиадаро тўҳфаи хоса ҷудо карда, ба уштури наботранги гўши росташ бурида бор баст, то сорбон гоҳи супурдани фиристодаҳои шоҳ фарқ карда тавонад.
Аммо устодаш Арастуро фаромўш кард.
- Фрадат – рўйиш, афзоиш; фароҳ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор