Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ин бор сарбозони зиёд қофилаи тавиларо ҳифзу дифоъ мекарданд. Корвон чунон тўлу нах кашида буд, ки Искандар аввали онро намедид. Чун қофила ба роҳ даромад, аз хазинаи холӣ садои ҳой-ҳой; баъзан хандаи баланд; гоҳе мўя ва гоҳе гўя ба гўш мерасид чунон ки андар хазинаҳои рўфтаву бурдаи Бобулу Шуш.
Ба Искандар оварданд чунин ҳолро: «Бохтахираде гирд мегардад андар хазинаи холӣ ва қарс мезанаду ангушта; пой мекўбаду мерақсад ва сар боло дошта, даст сўйи сақф кушода, нўлаву зуза мекунад гургона; мешинаду мерақсад, мехезаду мерақсад, каф мекўбад, ангушта мезанад; бо дастон гўш медораду мерақсад, даҳон медораду мерақсад, рўй пинҳон мекунаду мерақсад ҷунбонҷунбон ва беихтиёр аз чашмонаш рўд ҷорӣ мегардад; пасон садои ҳазини пушаймонӣ ва афсўсу надомат; орзуву армони шикаставу барбодрафта аз кадом қаъри олами номуродиву нокомӣ аранге ба гўш мерасад: «Мурд… сулола мурд… шоҳаншоҳон мурданд…
Кушт… сўхт… бурд…»
Хазинадори ноком баумед буд, ки Искандар шоҳи Порс мегардад; ганҷи хазина барҷо мемонад ва худи ў боз хазинадорӣ мекунад; аз ин рў ин қадар ҷон канд ва он қадар содиқу сарсупурда буд. Чун дид, ки аждаре низ дар ганҷур намонд; шоҳ бегона буда, ҳамаро ба мулки хеш фиристод, ақл бохт. Шояд «ганҷи зиёд ақлро дуздад» гуфтан аз ҳамин ҷо бошад. Инак ба сари ҳар хитта равад ва он ҷо чӣ ҷой доштанашро ёд орад, палмосидаву сила карда чизеро набинад ва тарона бихонад:
«Як донаю ду дона, бурданд ҳама дурдона….»
Ва баъд хориву гиряаш ояд. Худ оби дида рехта, аз нав ба рақс дарояд: пири фартут; пойҳояш базўр ҷуссаи лоғарашро бардоранд; мадораш рафта баробари ганҷи Доро. Лекин нерў фароҳам оварда хонад:
«Ман худ ба чашми хештан дидам, ки ҷонам меравад.» Искандар аз дунболи қофила чашм намеканд. Гоҳе ки ўро чунин хабар оварданд, мароқ зоҳир карда чашм аз паси корвон канд ва омад ба хазина. Девона шинохташ, ки гурехт аз ў ва паси деворчаи хаммаи зар пинҳон шуд. Искандар садо кард: «Фрадат, пеш биё!
Ман номи туро аз «Авесто» пайдо кардам!»
Фрадат аз паси деворча ба пўстҳо нигарист, ки барҷо истодаанд. Пас ў дурўғ мегўяд.
— Чаро аз ман гурезӣ? Маро хидмати зиёд кардӣ! Инак ман бояд туро хидмат кунам!
«На! Накуш! Чизе надорам… Ҳамаашро бурданд… Дигар ҳеҷ…
Дигар ҳеҷ!»
Аз паси деворча дастон ба ду тараф кушода нодориашро нишон медод. Ба чашми Искандар дар хазинаи холии нимторик Фрадат чунон намуд, ки мурда дар гўр риш ёзида бошад. Ақлу ҳушаш низ беҷо буд. Аз оне ки доройӣ бар сутурон бор бастанд, хазинадор меларзид; ин замон ў ба васвосӣ расида.

пешина
аз 391
навбатӣ