Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Онҳо ба сафинаву заврақҳои ҷангии хеш ва таҷрибаи набарди баҳрӣ бовар доштанд ва дилпур буданд, ки лашкари Искандарро шикаст медиҳанд ва сипоҳи мақдунӣ то Тир баҳрро убур натавонад кард.
Ва бо чунин ният, ки Искандар аз роҳи шайтонӣ баргардад, намоянда фиристоданд ба пешвозаш. Фиристодагонро писари шоҳ Азимулмулк сарварӣ ва раҳнамойӣ мекард. Чун Искандар бидид фиристодагонро, хушҳол гашт, ки фолаш нек омад. Ба пешвозаш баромаданд… Вале ғайричашмдошти ў шоҳзодаи тирӣ арзи мурод кард:
— Азимулмулк – шоҳи Тир шодбош мегўяд Маликуррумро! Инчунин аз номи тириён мерасонад шоҳи мақдуниёро, ки мардум ба ҳар шарту қарордод розӣ ва омода ҳастанд, то новард нашавад!
Искандар пас аз андешаи зиёд ба паҳнои дарёи Миёназамин дида чаронд ва нигоҳаш ба ҷазира бархўрд, ки чун киштии азими хаёливу афсонавӣ бар об буд. Пеши назари хаёлиаш чунин омад, ки агар ин киштии азими чу замин азиму гарон ғарқ гардад, баҳрро хоҳад ҷўшонд ва об ба қитъа хоҳад шорид ва Тўфони Нўҳ ё Оби Азов аз нав ба миён хоҳад омад. Маккорона лабханд кард ва фармуд:
— Сипоҳи Рум ризоият медиҳад бар ин, вале хоҳиши андаке дорад: рухсат шавад барои дар шаҳр маъво гирифтан. Зеро Геракли ялро қурбонӣ бояд…
Ройсозе лаб фарогўши шоҳзодаи тирӣ овард ва пасту оҳиста гуфт: «Орзуи мор сар ба хафол ҷой кардан, чун ҳалқа занад, думаш низ кашида шавад.»
Фиристодагон низ ба баҳри андеша фурў рафтанд; макри Искандарро ройсозӣ карданд ва ба хулосае омаданд:
— Ҷойи ифтихор ва таҳсину офарин бувад, ки шоҳи мақдунӣ худоён, нимхудоён ва қаҳрамонони юнониро мепарастад ва барояшон қурбониҳо мекунад! – боадабона ва солорона гуфтор кард шоҳзода. – Вале барои чунин кор ба шаҳри Тир ворид шудани лашкари мақдунӣ зарурате надорад. Онҳо тавонанд дар шаҳри куҳан, ки андар қитъа воқест, қурбонӣ бикунанд. Зеро Тир шаҳри озод ва бетараф бувад: на мақдуниёнро пазирад ва на порсиёнро!
Искандари ҳиласоз, ки то ин дам умеди ба осонӣ ворид гаштани шаҳри Тирро дошт, ноумед гашт ва ношод; ба худ печид, ба атроф нигариста, сипоҳро аз назар гузаронд ва ғазаб кард:
— На-а-а!!! Ё рухсат медиҳед! Ё бо зўрӣ дароям ба Тир!!!
Фиристодагони тирӣ чун диданд, ки Маликуррум бузургтар ва азимтар аз баҳр дамид кўҳсон, баҳсу мунозираро бори гарон дониста, рў ба киштӣ оварданд…
Искандар аз ғазаб дандон соид чу шағол; шамшери ахиллиаш гирду тори сар садо баровард; сабру қарор аз даст дода буд:

пешина
аз 391
навбатӣ