Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

гусорҳо» зиёданд. Ҳар кадом яксуханӣ росту дурўғ оранд, сар орухона ва гетӣ харобот гардад.
— Магар аз Бохтар пайке омада, ки чунин гўйӣ?
— На, шоҳ… Ман низ чун шумо ғаммозу дасисабозонро зиёд донам.
— Оре, Бесус, донам: саломи хушомадгўй набувад бетамаъ.
Ҳар кадом, ки росту дурўғ меорад, умед дорад шаҳрдори шаҳре ё волии вилояте шавад… Ман донам: он ки ба боргоҳи муқаддас бо пойи тоза ва дили пок надарояд, маро равшан гардад; бисёре аз онон нияти шоҳӣ доранд…
— Бовар надорам… Шаҳрдору волиҳои сарсупурда низ кам нестанд.
— Киро дар назар дорӣ? Худатро?
— Худамро, дигаронро, – худро бой надод Бесус. Масалан сатрапи Бохтар ҳеҷ гоҳ орзуи шоҳӣ надорад. Сипаҳсолори шоҳ бошад…
— Аҳволи мулки Порс чӣ гуна бувад?
— Ин чиз шоҳро равшантар аз Ҷоми Ҷам бошад… Гарчӣ шоҳ Тахти Ҷам ба душман вогузоштанд…
— Ҳммм… Ба андешаи бохтарӣ шоҳ бояд чӣ кор ме-кард?
— Ҳммм… Шоҳро ақл шуданӣ наям. Шоҳ донанд чӣ кор карданро.
— Фаразан шоҳ надонист ва натонист. Сипаҳсолор чаро чора наандешид?
— Сипаҳсолори беҳуқуқ чашму гўш бар даҳони шоҳи фармонфармо дорад, то аз он даҳон чӣ барояд.
— Хештанро мусичаи бегуноҳ нагир ва ҷурми худ бар сари шоҳ марез! Агар сипаҳсолор ва сипоҳи Порс тановар ва бонанг буд, чунин ноомад рух надода буд.
— Ман гуноҳи хеш шоҳро бор карданӣ нестам… ва андар размгоҳ ихтиёри ҷанг сипаҳсолорро набуд; рою фармон шоҳро буд. Чун шоҳ вазирӣ ва сипаҳсолорӣ низ ба худ гирифта, ҳамаро дилсарм карданд, ҳатто сипоҳро…
Оташин шуд шоҳ, ки Бесус андаке пеш чизи дигар фармуда ва ҳамаро ба шоҳ дўст дониста буд:
— Ту чӣ нохалаф ва рўсабӣ ҳастӣ, ки андаке пеш маро дигар чиз гуфта будӣ!?
— Зеро ҳурмати бузургсолиатонро кардам, вагарна касе ба шоҳ эҳтироме надорад!
— Чиииӣ? Чаро?!
— Зеро шоҳ танҳо дар ғами ҷони хеш аст!
— Агар шоҳ беғам буд, фақат аз пиёдагон сӣ ҳазор сарбоз…
– ларзида ва гардан хурўсона пеш ёзид шоҳ.
— Ба чӣ кор ояд сарбози бесар! Лашкари парокандаи бесомон, ки фардои хеш надонад?!

пешина
аз 391
навбатӣ