Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ин бохтарӣ андар Кўшки Гардон чӣ кор дошт?
— Нафас рост мекард ва асаб ором.
— Аз чӣ?
— То дар назди шоҳаншоҳ даступой нахўрад…
— Ва танҳо?
— На, – кўтоҳ посух дод Бесус ва андешид, ки чиро ё киро дар назар дорад шоҳ: — Розбони шоҳ Моҳуй низ буд.
— Моҳуй чӣ коре дошт он ҷо?
— Маро торик бувад… Дидамаш он ҷо… Шояд чун ман ба дидори шоҳ меомад?
— Чизе нафармуд?
— На. Ў шитоб дошт; гумонам назди шумо меомад, аммо ман диранг кардам.
— Наёмада назди ман; розе низ наоварда.
— Агар наёмада, хоҳад омад, – гуфт Бесус, аммо бовар накард:
— Бояд биёяд, ҳамҷоя бояд сўҳбате бикунем.
— Ҳар киро гўр ҷудо, аъмол ҷудо: бузро ҳам ба пояш кашол кунанд, гўспандро ҳам, – ҳакимона фармуд шоҳ аз даҳони касе шунидаашро ва такя бар болишҳо карда бархост; аз дайҳим бар
1 шодвард нишаст. Ҷунбуҷўли зиёд кард ва созгор шуд бар тахт ва каф кўфт… Ҳозир шуданд нигаҳбонон. Шоҳ ишора кард, то хони айш ғундоранд. Ходимон ва хонсолор ин кор зуд анҷом доданд.
— Наёмад…
— Хоҳад омад, – муроди шоҳ дарёфта гуфт Бесус ва афзуд:
— Ў фидойӣ ва сарсупурдаи шоҳ бувад, бояд биёяд.
— Чун донӣ, бохтарӣ? – пурсид Доро ва ҳар бор «бохтарӣ»таъкид карданаш Бесусро хуш набуд.
— Аз он ки шоҳ дигаронро кам бинанд аз Моҳуй…
— На-а-а… Ҳар кас ба ҷойи худ; эҳтироми ман зиёд аст Бесусро.
— Чӣ гуна Моҳуйро?
— Ўро низ…
— Пас чаро ўро вазир нахонед?
— Зеро аз вазир дилмонда шуда; бавижа аз бародари ў Боҳуй…
— Дуруст гўед, шоҳ. Аммо Моҳуй розбони шумост ва сахт парастад шоҳро.
— Оре, Бесус, огоҳ ҳастам ва оҳанги ҳар воливу шаҳрдорро донам.
— Инчунин бодо; шумо бояд ҳар фард, ҳар волӣ, ҳар шаҳрдор ва ҳар дўсту душманро хубтар аз худаш донед, вагарна «андўҳ-

  1. Шодвард – тахт.
пешина
аз 391
навбатӣ