Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Шоҳро зарурате нест, ки ба ҳар даҳони гандида посух гўяд. Шоҳ шоҳ бувад; ҳанўз намурдааст! Аллакай мурдаи ўро ба Искандар пеш бурданианд…
— Шоҳо! Ин ҳама хаёлҳои хом аз куҷо?
— Хаёли хом нест! Яқин аст ин ҳама!
— Агар шоҳ маро дар назар доранд, маслаҳате чанд гуфтам аз дилсўзӣ.
— Бале, аз дилсўзӣ…Дили ҳар шаҳрдору волии бадтинат сўзад ба ҳоли ман. Зеро ман ҷангбохтаам. Танҳо ман: зеро ман танҳо ҷанг кардам бо лашкари Рум ва танҳо пушт гардонидам ба корзор! Дигар шумо ҳама тамошобин, ки шоҳи Порс чӣ кунад бо шоҳи Рум. Зеро барои шумо фарқ надорад, ки ҷангро кӣ мебарад. Зеро дар ҳар ҳолат шумо хидматгор хоҳед монд. Чунки шоҳи пирўз сари шумо аз тан ҷудо накунад, тавозўъу тамаллуқатонро дида, ғуломиатонро дарёбад ва бовафо пиндорад. Шағолҳои даҳанолуда…
— Шоҳо…
— Дили ҳар волӣ сўзад ба ҳоли ман. Лекин онҳоро ақлу фаросот нарасад, ки гўянд: Дорои Кудумон аз шоҳони афканда ва нотавон набувад; дилсўзии дигарон ўро зебанда набошад, балки бадтар аз таҳқир бувад! Чаро дили шумо ба ман сўзад? Чаро ба худатон дилатон насўзад?! Шумо пиндоред, ки ақибнишинии шоҳ бохти ўст?...
— … На, шоҳ…
— … Чаро бохти шумо набошад? Шумо надониста худатонро таъна занед ва пиндоред, ки маро таъна задед! Шумо худатонро мазаммат кунед, хаёл кунед, ки мани ноўҳдабароро мазаммат кардед. Шумо овард карда натавонистед, гумонатон ман шамшер зада натавонистам. Шумо марзу бум ба душман гузорда ҳазимат кардед, таъна занед, ки аз нотавонии ман! Гиребонатонро бибўед!
Дилатон маро насўзад, худатонро сўзад!
— Ҳеҷ кас шоҳро таъна накарда…
— Дорои Кудумон намурдааст! Ў боз бо Искандар хоҳад ҷангид… Вале шаҳрдору волиҳо мапиндоранд, ки бохти шоҳ бурди онҳо хоҳад буд!
— Касе чунин напиндорад, шоҳ… Шоҳ низ чунин напиндоранд, ки замоне дўстон ҷудойӣ ихтиёр карда бошанд. Шоҳ фармуда, ки сутури танҳоро гург хўрад…
— Ҳоло чунон сари роҳи Искандарро тоза кунам, ки… – ба ҳарфи Бесус эътибор надода андешаашро изҳор кард Доро:
— … чунон тоза кунам, ки сутуронаш гиёҳе ва сарбозонаш навое пайдо карда натавонанд… Он лашкаркаши монанд ба падари хунхор ҳоло бо собуни ман ҷома нашустааст… Он шоҳи марзҷўй бояд дар марзи бегона бимирад; андар биёбон зор-зор гириста, ба ёди модари дурафтода; панди Арасту такрор карда, пушаймон бимирад, ки чаро ҳарфи бузургонро гўш надод…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор