Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Ва шумо, ки ҳама умедатон аз дидори ўст, ҳамроҳи ў, оғишта ба хуни хеш бимиред. Ба пиндори шумо, ман шоҳи бенанг; ёди модару зану фарзанд намекунам… Ортабоз хусури шоҳи румӣ ва писарони ў хоҳарашон Барзинро монда пушту паноҳи ман мешаванд!…
Шумо, сутунҳои пўсидаи қадимӣ, бинои салтанати маро сахт нигаҳ медоред…
Бесуси мушкмўй ҳайратзада ба гуфтори парешони шоҳ гўш дода, хулоса мекард, ки май кора карда ба мағзи ў ва ё тарс, ки чӣ гуфтану чӣ карданашро надонад ва ҳар чӣ ба забон ояд, гўяд.
«Ин бехабар дар панҷаи аҷал ҳисобот диҳад. Паҳлавони нотандеҳро монад, ки зери пойи паҳлавони тановар ғелида, пўписа кунад: «Ҳоло бош, рўзе туро танҳо дарёбам, чӣ кор кунам!»
— Бале-бале, шоҳ! – осема фармуд Бесус, вале дар сар андешаи дигар дошт: «Гурба мушро даст-даст зада кушад, муш то мурдан пиндорад, ки гурба бозӣ кунад.»
БАНДИ ЧАҲОРУМ
Шоҳу волӣ сархам; ҳар кадом гирифтори андешаи хеш, вале нотавон. Шоҳро ақл надавид, ки ҳукм бар волии Бохтар барорад ба куштан ва ё сабукдўш кардан. Бесус пиндорад, ки зуд ё дер шоҳ ин корро кунад; сархамиаш аз ҳамин хотир. Ў донад, ки шоҳ на танҳо аз тахт нафаромадааст, балки андар сари зину рикоб бувад.
Шоҳ ҳам ўст, қозӣ-ул-қуззот ҳам ўст, додгар ҳам ўст, бедодгар низ ҳам ўст… Аммо аз раҳмдилӣ ба ҷое нарасад. Ва онҳое, ки чунин феъли ўро медонанд, чандон аз ў ҳаросе надоранд. Зеро ба одамкушӣ одат накардааст ва ҳатто аз хунрезӣ тарсад. Сабаби аз корзорҳо рў гардониданаш шояд ҳамин чиз бошад? Боҳуйро нобуд карданаш аз ҳирси тахту тоҷ буд ва он ҳам кушанда дошт:
дасту пойи хоҷасаройро сахт доштанд ва шоҳи навҷулус шароби заҳрогини худи хоҷа сохтаро, ки қасдан даст ларзонда резонданӣ буд, ба даҳони кушодаи Боҳуй рехт… Дигар одам накуштааст.
Аз ранги хун тарсад. Сабабашро касе надонад. Шояд ҳамон хотираи тифлӣ бошад, ки падарашро душманон сар бурида буданд ва ў фаввора задани хуни сурхи падарро дида буд. Ин чизро касе надонад ҷуз ёди кўдакии ў.
«Шоҳ шоҳ бувад, волӣ – волӣ…Ҳанўз чаку мўҳр аз дасти шоҳ Доро нарафта; ў тавонад бо амри шифоҳӣ низ туро радди маърака гардонад…» андешид Бесус ва омодаи пўзиш хостан гўшаи чашм кард сўйи шоҳ.
Шоҳ Доро чӣ хаёлу андеша дошт, ки худ ба худ сар ҷунбонд.
Бесус сурфид. Шояд барои ба худ овардани шоҳ буд ва ё ба шикасти хомўшӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор