Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

— Пўзиш аз шоҳ…
— … Маро раҳмаш ояд… нотавониву ноўҳдабароии шоҳро беибо гўяд… зеро дўст бошад… зеро эронӣ бошад…
— Пўзиш аз шоҳаншоҳ…
— … дўст занад табарвор… душман занад шакарвор…
— … пўзиш…
— …мехоҳӣ, дили шоҳро нашканӣ… Хўш, боз чӣ пайғоме?
— Пўзиш аз шоҳаншоҳ… агар носазо гуфтам ва хато гуфтам, шоҳаншоҳ бубахшанд… Эрон яктост ва ҳама эрониёнро якест
– баробар, муқаддас, мўътабар. Ва сарвари он шоҳ Дорои Саввум бувад… Мо бояд гирди шоҳ оем ва нерў фаро орем ва Эрони азизро аз вартаи ҳалокат раҳонем…
— «Мо» гўйӣ, киҳоро дар назар дорӣ?
— Бесусро, Барзаентро, Сотибарзанро, Ориёбарзанро…
— Табарзанро, шамшерзанро, тирзанро, гурззанро, занзанро ва ҳамаи занҳои дигарро…
Масхара кард шоҳ ва Набарзан хомўш монд. Шоҳ Доро пурсид:
— Ва ту бо ҳамаи онҳо гуфтиву шунидӣ?
— На, шоҳ. Ҳанўз бо онҳо чизе нагуфтаам. Аввал шумо, сонӣ онҳо.
— Пас чӣ гуна фикри ту бо гуфтаҳои онҳо ҳамранг?
— Чӣ гуна?
— Онҳо низ дар ин боб бо ман сухан карданд, фикрашон ончунон, ки ту гўйӣ…
— Муроди ман ин набувад, ки бо ҳамаи онҳо якзабон шуда назди шумо омада бошам. Мақсад ин аст, ки ҳама солорҳои сипоҳ ва воливу сатрапҳо ва асилзодагону ашрофзодагонро фаро хонед ва ин мурод ба миён гузоред. Гарчӣ кулўханд, оташе бояд аз онҳо бипарад.
Шоҳ Дорои Саввум ба андеша рафт, пасон пурсид:
— Ва аз ман чӣ чашмдор шавӣ?
— Ҳеҷ, – нафаҳмида гуфт, пасон ба худ омад: — Фақат пирўзӣ ва тандурустии шоҳаншоҳро чашмдорам.
— Зиҳӣ сипаҳсолорро!
Бори дигар шоҳаншоҳ ўро сипаҳсолор хонд, вале Набарзан эътибор надод ба ин чиз. Дида бар рўйи шоҳ ва гўш ба даҳони ў дошт.
— Фаро бихон ҳамаро!
… Ва рўзи дигар андар толори пазироии дижи Модай гирдомади сарони сипоҳу бузургони Ҳангаматон бургузор шуд ва аз бузургони ҳамроҳи шоҳаншоҳ танҳо Моҳўй ҳузур дошт. Бино ба хабари Набарзан сӣ ҳазор сарбози пиёда, ки чаҳор ҳазораш бардаҳои юнонӣ буданд, омода ба ҷанг гашта. Боз чаҳор ҳазор найзаварону тирандозон… ва горди шоҳӣ…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор