Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шоҳаншоҳ ба худ омад ва ёд овард, ки сипоҳи Эрон дар итоати худи ўст ва шояд сабаби кинояҳои волии Бохтар Бесус ҳамин чиз бошад. Шояд аз ин рў канора аз шоҳ ҷуста, бо шаҳрдору сатрапу волии вилоятҳои дигар ҷўр шуда бошад.
— Киро ном бурдӣ, Ориёбарзанро?
— На. Набарзанро… Сарфавҷи саворони эрониро.
— Чӣ мурод дорад?
— Нагуфт маро. Шояд гўяд шуморо.
— Бифармо, дарояд!
Сарпос таъзим кард ва қомат дуто пас-пас рафт.
Шоҳ Дорои Кудумон шамшер ба девор овехт, дашна бар камар зад ва дудаста миғфар бар сар соз карда нишаст бар маснад.
Вазни дастон бар муттакои тахт андохт ва нигарони омадани Набарзани тоссар шуд. Пеши назар овард, ки чун ҳамроҳи Бесусу Барзаенту Сотибарзан баъди шикаст дар ҷанги Арбел доманаи кўҳҳои Армониёро убур карда то Модай расиданд. Набарзан он вақт меҳрубонтар аз ҳама буд. Ва дилдориҳо медод, ки ин ҷанг охирин набуда, дар пархошҳои наздик шоҳаншоҳи Эрон пирўз хоҳад шуд. Ҳолиё шоҳаншоҳ чашмдор аст, ки Набарзан аз дар дарояд ва сари тоси ўро дида Доро хандад… Вале Набарзан кулаҳхўди афсарӣ бар сар даромад, ки қиёфаи гирифта дошт.
— Бифармо, сипаҳсолор!
— Ташаккур, шоҳаншоҳ!
— Бифармо! – духўра: ҳам ба маънии марҳабо ва ҳам ба маънои «бигўй» фармуд шоҳаншоҳ ва Набарзан боз чанд қадам пеш омад.
Шоҳаншоҳ ба таҳлука афтода садо баланд кард:
— Бифармо! Чӣ арз дорӣ?
— Шоҳо! Искандари Мақдунӣ бар асари шумо меояд… Вақт аст ҳамаро муттаҳид созед, то бо нерўи қавӣ бипазиредаш…
Шоҳаншоҳ дар шигифт монд, ки чаро Набарзани чобуксавор бо як нафас чунин пайғом овард ва маслаҳат низ дод чӣ карданро.
Гом зад бар фарш, ки қолиҳои ҷигарии эронӣ густурда буданд.
Ва даст бар риши сиёҳаш бурд, ки тори асаб пайваст бар бехи торҳои он бошад.
— Пайғом ин буд?
— Оре, шоҳаншоҳ! Дилам сўзад ба шумо…
Шоҳ Доро хандид:
— Дилат сўзад ба ман? Ба шоҳаншоҳи Порс?
— Бале, ба шоҳаншоҳ!
— Ва раҳмат ояд?
— Бале, шоҳаншоҳ!
— Ҳммм.. Пас ман кистам? Ҳеҷ?!… Як ҷондори ноўҳдабаро, ки дили сарфавҷи савора ба ҳоли ў сўзад… Аз чашми кўр об резад…

пешина
аз 391
навбатӣ