Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Ва оқибат худ аз худ фурў нишинад дар худ. Ва ту низ волии Бохтар, ки чун дев сиёҳ ҳастӣ, ҷўшида, хурўшида, анҷоми онро дарёфтӣ.
Ниҳояти салтанатат ҳамин бувад. Кӣ буданат ҳамагонро рўшан шуд… Ҳаволаат ба худо! Подафраи кирдор аз Аҳура Маздои бузургу доно ва тавоно бубарӣ!
Бесус неши шамшер аз замин бардошт ва худ аз худ он силоҳ чун асои шубонӣ бар китфи росташ нишаст ва ў хомўш монд.
Маълум набуд, ки аз карда пушаймон аст ё шод. Дида ба мафраш дўхта буд, на ба шоҳ: «Суде набахшад баҳсу талош бо чунин шоҳ».
Ва бадар рафт…
БАНДИ ҲАФТУМ
Кўшки Гардон моломоли одам буд. Андар се туи он воливу шаҳрдорҳо, сатрапҳо, сарҳангҳо, сарфавҷҳо, ашрофзодагон, асилзодагон ва ялони порсӣ буданд. Кўшк вазн оварда буд ба назар ва бе кўмаки мурват ва ё пашанг гузоштан ва ё чарх гардонидан бо вазни «киштинишастагон» фурў туи шат мерафт. Мардум чанд-чанд ба гурўҳҳо ҷудо шуда буданд аз рўйи ақидаву маслаку фаҳмиш. Ба назар ройсозии толори пазиро ин ҷо кўчида буд.
Набарзан ҳамроҳи гурўҳе андар қабати саввум сўҳбат дошт ва баробари пайдо шудани Бесус аз ҳамсўҳбатон ҷудо гашта гўшае рафт. Бесус назди ў омад. Зеҳн монданд ба чашми якдигар ва гаштанд хомўш. Пасон ба ғурфаи диж нигаристанд, ки Дорои Кудумон ҳамроҳи хоҷа Моҳуй дида ба Кўшки Гардон дўхта буданд.
Онҳо низ баробар ба ҳам омадани Набарзану Бесусро мушоҳида карда, дида ба чашми якдигар дўхтанд. Гўё барояшон асрор ҳувайдо гашт: «Ҳммм… аз аввал забон як карда будаанд…» аз дил гузаронд Доро ва рў ба хоҷа овард:
«Хоҷа чӣ андеша доранд?»
«Он чӣ шоҳаншоҳ пиндоранд…»
Сар афшонд Доро ва дур аз ғурфа шуд, то набинад эшонро.
Ба назари ў андар Кўшки Гардон каси вафодор ва сарсупурдаи шоҳ набуд: ҳама душман метофтанд. Онҳо баногўшӣ мекарданд; дастафшониву таҳдид доштанд; баъзан дастафшонӣ ва бо ангушти ишора сўйи диж таҳдид карданашон ҳама асрори эшон маълум мекард ва шоҳ яқин дошт мақсаду мароми ононро. Тез мешуданд, мешўриданд, ба ғазаб омада хаёлан ва гоҳе амалан якдигарро ва ё каси ғоибро маҳву маҳкум мекарданд. Ба таври хеш ситезида ханҷар мезаданд; каллаашро тоб дода, канда канор меандохтанд; гурз бар сараш мезаданд, дашна бар дил мехалиданд, бо шамшер гардан мезаданд. Мегуфтанду механдиданду аз завқ шикам медоштанд чун ширинкорҳо. Шояд аз он ки Доро мисли дигар лашкаркашон ё шоҳон ширинкору масхарабоз надошт… ва баъзан бо карру фарр оҳанги аврангзебӣ мекарданд: ҷомаи фохир пўшида, тоҷ ба сар ниҳода, бар сандалӣ нишаста, бухур кашида, сабил тоб дода, пой тори пой гузошта, чунон карру фарр мекарданд, ки Куруш надошт – хаёлан…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор