Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дунёе буд: шоҳӣ он ҷо буд, яливу диловарӣ он ҷо буд, набард он ҷо буд, хориву забунӣ низ он ҷо буд ва ҳама чизу ҳама кас он ҷо… Оламе буд пур аз бухлу кизб, хусумату кинаву қасду қасос, ҳилаву найрангу фану фиреб ва моломоли дарду ҳасрат ва тааҷҷубу таассуф ва касе намедонист, ки нўҳ фалак чӣ дораду ҳафт қабати заминро чист…
Моҳуи маккор дур аз тиреза нарафта якзайл менигарист ба кўшк, то ҳавои он ҷоро аз қасри шоҳӣ муайян кунад. Чунин рафтори хоҷа шоҳ Дороро олуғда кард:
— Чӣ гўянд?
— Чӣ гуфтанашон равшан набувад…
— Чӣ хел равшан набувад? Чунин хоҷа киро лозим, ки надонад забони мурғонро?!
— Тахминан дар бораи ҷангҳои Граника, Йусус ва Говгомол сўҳбат доранд ва сабабҳои бохти онро мегўянд.
Шоҳ тааҷҷуб кард ва хандид:
— Аҷаб… аҷаб, ки ҷанг накарданд, акнун сабабҳои бохташро таҳлил кунанд. Аммо вақти зарурат гурезанд…
«— Маккор…» «— Аблаҳ…»
— … Агар шоҳ рў ба гурез намеовард… Мо истодагӣ мекардем ва ҷангро ме…
— Аз куҷо донӣ, ки чунин гўянд?
— Шоҳам! Охир, ман чаро паҳлўи шумоям? Илми ғайбу сухани ғоибонро бояд бидонам…
— Бояд донӣ. Аммо намедонӣ!
— Шоҳам, нагўед чунин… Бингаред, ба онҳо нигаред! Ҳамаи онҳо дўстони шумо буданд; забони сурхатон онҳоро ранҷонд.
Ман, ки шуморо дўсттар дорам ва поси хотир, поси намак кунам, паҳлўи шумоям. Дўстона гўям… Нигаред ба онҳо!
— Ба онҳо? Чаро ба ту неву ба онҳо?
— Ба онҳо! Ба онҳо!
Онҳо меҷўшиданд чун кирмҳо. Аммо Бесусу Набарзан карахт буданд. Орому карахт буданашон чизеро ифода ё муайян намекард.
Ба ҳар ҳол шоҳ Доро чӣ андеша кард, ки мадд кашид: «Ҳммм…»
ва сар ҷунбонд. Низ хомўш шуд. Моҳуй гаштаву баргашта ба шоҳ менигарист ва аз дил мегузаронд, ки аз дасти чунин шоҳ чизе наояд. Куҷо дидаед, ки сипаҳсолор ё сарфавҷу сатрап дўғ бар шоҳ занад; ўро таъна кунад ё ноҷавонмард бихонад. Агар дигар шоҳ буд, сари онон гирифта буд ва ё ба ҷаллод супурда буд…
«Хомўшии пеш аз тўфон…»
Ба худ гуфт Доро ва андешаи хоҷаро пароканд, аммо ў пайваста дар ин боб андеша дошт ва сусту муст будани шоҳро дарёфт мекард: «Наход чунин шоҳ бародари тавонои ман – хоҷасарой Боҳуйро кушта бошад?»

пешина
аз 391
навбатӣ