Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Сарпос таъзим карду бадар рафт ва Бисфан парешон шуд. Шоҳ Доро ўро эътиборе надода, назди ғурфа омад. Ба онҳо нигарист, ки аз даъвати сарпос бо тааҷҷуб китфон ба ҳам кашида, майли боргоҳ надоштанд. Сарпос хоҷа Моҳуйро наздик шуд ва сар фарогўшаш оварда, чизе гуфт. Гўё ба гўши маркаб об пуф карда бошад, хоҷа сар ҷунбонд ба фусўс ва рў ба раёсати парешон овард:
— Шоҳ хоҳад шуморо! Пайке омада ва пайғоми муҳиме оварда!
— Чӣ гўяд он пайк? – тааҷҷуб кард Набарзан.
— Гўяд, ки қисмату тақдири Эрон дар дасти шумост…
— Бирав, бигўй, ки тақдири Эрон дар дасти шоҳ Дорои Кудумон буд ва ҳаллу фасл шуд. – Ҳамроҳ шуд Бесус ба сухан. – Ба як тана ду сар зарурате надорад!
Сарпос аз муомилаи шоҳу волии Бохтар Бесус огоҳ набуд, аз чунин ҳарф шигифт кард ва тааҷҷуб: чӣ гуна бошад, ки волие ба шоҳаншоҳи Порс чунин киноя кунад?
— Бале-бале, бохтарӣ! Хоҳам гуфт, албатта хоҳам гуфт!… Ва боз?! – рў ба дигарон овард: — Ва боз ҳастанд касоне, ки шоҳи Эронро пайғом фиристанд?
— Ҳама! – пеш омада гуфт Набарзан. – Ҳамагон чунин пайғом доранд: шоҳе, ки модару фарзандро пуштубон шуда натавонад, магар тавонад Ватанро пуштубон шудан?
Сарпос чизе нагуфт ва чун кўдаки бегуноҳ ранҷида, сокит монд ва надонист чӣ карданро. Хоҷа Моҳуй пеш омад:
— Чӣ ҳоҷате дорад шоҳ?
— Пайке омада, ки Искандари Мақдунӣ лашкар кашида сўйи Модай.
Хоҷа ба андеша рафт ва муддате баъд рў ба онҳо овард:
— Сарпос мефармояд: «Пайке омада ва оварда, ки Искандари Мақдунӣ лашкар кашида сўйи Модай!…»
Чунон ки чўб ба хонаи занбўр халида бошанд, ҳамагон якбора ба такопў афтоданд ва гуфтор карданд. Кўшки Гардон ба орухонае табдил ёфт, ки занбўрони тундхў ҷойи нишаст наёфта, фарди чўбхастаро меҷустанд, то неши ғазаб зананд.
— Кӣ гуфт?
— Кӣ фармуд?
— Кӣ овард?
— Аз кӣ шунидӣ?
Пурси якдигарро бурида садо мебароварданд онҳо. Сарпос хешро гум кард:
— Чаро бо ман ғазаб кунед? Пайк овард, шоҳ фармуд! Ман гуфтам! Рой шуморост. Шоҳ шоҳи ҳама…
— На! Шоҳ шоҳи ту ва чанде дигар, ки барояшон фарқ намекунад, гўр сўзад, ё дег ҷўшад... Эронро ватан гўянд ё Юнонро.
– Паст наомад Набарзан: — Бирав, бигўй, ки фавҷу гурўҳҳои савораи Набарзан, Бесус, Ориёбарзан ва сатрапҳои дигар ба артиши шоҳӣ ҳамроҳ нахоҳанд шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор