Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Онҳо ҳар яке ба сари худ ҳокиманд; касеро сар нафароранд.
Моҳуй чашмак ба Бесус зад ва сўйи боргоҳ равон шуд. Онҳо диданд, ки хоҷа монанди саги саркўфта, ки раги гарданаш мекашида бошад, қад-қад сар парронида меравад. Ў ин рўзҳо миёни обу оташ монда, зиндагии хешро таваккалӣ мебурд: ҳам аз шоҳ умед дошт, ки ўро зери бол гирад ва ҳам аз Бесусу ёронаш, ки рафту тахту бахтро ба даст орад, хоҷаро напартояд; ҳам аз шоҳ умед канда буду ҳам аз Бесус, ки шайтониҳояш ошкор гардад, ҳар ду сараш хоҳанд гирифт. Хоҷа чӣ гумоне бурд, ки пой партофтанаш суст шуд ва майли пас нигаристан кард. Аммо аз хавфи шоҳ, ки нигоҳ аз тиреза дошт, пой бардошт ва тез рафт. Вале яқин намедонист, ки чашмҳояш ҳар гоми бардоштаи ўро чену баркаш мекарданд.
Сарпос надонист чӣ кор карданро, зеро бисёриҳо шўрида ва дамида буданд; носазо мегуфтанд шоҳро. Ў низ бар асари хоҷа Моҳуй бишуд ва тезгом бирафт, то ҳақиқати воқеаро ў ба шоҳ бигўяд, на хоҷа. Дарёфт Моҳуйро андар дами дар. Хоҷа баргашта ба ў нигарист:
— Дидӣ онҳоро?
— Дидам, хоҷа, аммо чӣ суд? Онҳо шоҳро хуш надоранд…
— Пай бурдаам…
— Пиряхнишастагонем, чун пирях зуб гардад, яке намонем.
— Хуб фармудӣ, сарпос.
Барои он ки ҳарф зиёд нашавад ва шоҳ нашунавад, дигарон шубҳа накунанд, сарпос чашмак зад ба хоҷа ва ҳарду баробар ба дар омада, рухсат пурсиданд. Шоҳ Доро ҳанўз ҳам аз ғурфа ба онҳо менигарист. Тўда пароканда гашта, ҷо-ҷо панҷу шаш гирду рў ба рў омада, гуфтугўй мекарданд. Ҳеҷ кас сухани дигареро напазируфтӣ ва андешаи хеш ҳукм кардӣ. Аз ин рў баъзеҳо шўрида, тундхў аз сўҳбат дур гашта, дастафшон мерафтанд... Шоҳ Доро ноҷўрии онҳо ва саркашиашонро дарёфт ва донист, ки об бар мўрхона рехта: «Илоҷе бояд ҷуст...» Рў ба хоҷаву сарпос овард ва боз ба тиреза нигарист. Ҳоҷате намонда буд ба гузориши сарпос.
Бо вуҷуди он чашм аз Кўшки Гардон наканда пурсид:
— Чӣ овардӣ?
Хоҷаву сарпос ба ҳам нигаристанд, то чӣ посух диҳанд. Хоҷа фармуд:
— Шоҳо, худ авзоъи онҳоро дидед; подаи ғузгазидаро монанд… Чорае бояд андешид.
— Чора чист?
— Пўзиш аз шоҳаншоҳ! Ба назари бардаашон, пешниҳоди Набарзанро бояд пазируфт…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор