Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Эҳсос карду дарк, ки чизе гаронтар аз санги осиоб бар дўшаш бор шуда ва боз чангаке дилу ҷигарашро фурў кашида, нагузорад сар баланд кунад. Ҳо дар он дурӣ сипоҳи ночизе хира ба чашмаш метобад, ки сипоҳи Эронро намемонад; як фавҷи шикастхўрдаи аз ҷанги нобаробар боқимондаро монад. Шоҳ Доро чанд бор чашм кушода, нигарист, ки онҳо сипоҳиёнанд ва ё мурғони туллаккардаву паррехта. «Ҳммм…»
Ин одат ҳанўз ҳам аз димоғаш нарафта буд, ки боз мадд кашид ва гирду атрофро аз назар гузаронд, ки аз ёрон киҳо ҳастанд:
горди миллӣ, писарони Ортабози вафодор Эронро Қофу Аршак ва фавҷи пиёдагарди кироя ва чанде дигар, ки чашми шоҳро пашша метофтанд.
— Ориёбарзан куҷо? – хомўширо шикаста ба Ортабоз рў овард шоҳ.
«Ориёбарзан…» гуфту сар андохт Ортабоз.
Шоҳ ҳамаро аз назар гузаронд ва донист, ки аз артиши даҳҳазора фақат ном ва андаке нишон монда. «Кам, хеле кам…» аз дил гузаронд шоҳ ва ҳанўз диққат медод, ки Ортабоз посухи равшан мегўяд.
— Ай солори сипоҳ! – Ортабозро дар назар дошта, аммо рў ба дигар сў гардонида афзуд: — Писарат Ориёбарзан куҷост?
Сипаҳсолори варзида, ки умраш ба ҷое расида буд ва се сар писаронро ҳимояву раҳнамойӣ мекард, аз пурси шоҳ Доро лол монд. Воқеан намедонист куҷо рафтани писараш Ориёбарзанро.
Ду нафари дигар аз сарфавҷҳои артиши Порс ҳастанд; андар лашкаргоҳ.
— Шояд ба ҷанги Искандар рафта бошанд, шоҳаншоҳ…
Шоҳ Доро пурхашм ба сипаҳсолор нигарист, хонаи чашмони фурўрафтааш косаи ғазаб шуданд.
— Пайдош бикун!… Ё худаш биовар ё сараш!
Ортабоз қатъӣ будани амри шоҳ Дороро дарёфт ва таъзим карда бурун рафт. Пушти зини фарас омад.
Андар Дарвозаи Хазар лашкаре хайма рўйи сабзаи навруста зада; гўйӣ аз тартумарти зиёд ва тохти шаборўзӣ шалпару бефара гашта, инак дам мегирифт. Ва ҳамчун корвони ташнаву гуруснаи аз биёбони бекарона убуркарда роҳату фароғат дошт аз бўйи баҳор. Дудҳои сиёҳ, ки ҷо-ҷо сар сўйи фалак сўзану дарафш мешуданд, манзараҳои зебои баҳориро халалгор набуда, балки сурма дар чашм ва вусма бар абрўи табиат мекашиданд ва… ришта-ришта, чангол-чангол, паға-паға сиёҳрангу кабудча, бўру сапедча анбўҳу парешон то самои минўйӣ расида, оқибат ҳамранг бо ҳаво мегаштанд. Чунин манзара ҳаваси касро меовард.
Аз фароғату осудагиашон пайдост, ки сипоҳи хаста оварди душман ё лашкареро чашмдор набуда, нигарони даррасидани пайке ё фавҷи ёрирасонест…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор