Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Чаҳорнаъл омадани фараси Ҷиран, ки дар гармои рутубатдори ҳавои баҳорон ҳам аранге ҳаври биниаш чун меғи сабук метофт, сипоҳиёнро дар ҳайрат гузошт. Ҷиран то назди нигаҳбони аввал чаҳорнаъл омад ва сарафзори кашидаи савор онро аз тохт боздошт. Инони кашида барои ҷо ба ҷо боздоштани асб набуд, балки аз чаҳорхез ба реза гардонданӣ буд дави онро. Аммо нигаҳбони пуршаст ба сари роҳ баромада дави бораро қатъ гардонд:
«Биист!»
Нигаҳбон чун нек нигарист, сипаҳсолори чаҳорафзорро дид ва фармуд:
«Сипаҳсолор! Ортабоз?!» – Бале!
— Хуш омадӣ, солори сипоҳ! Вале ба шитоб омаданат аз баҳри чист?
— Зарурате пеш омад… Ориёбарзан куҷост?
— Ориёбарзан? Ориёбарзан ҳеҷ гоҳ бо мо набуд. Ў эронист, мо бохтарӣ…
— Дуруст фармудӣ: агар ту эронӣ будӣ, пойи Искандар ба ин покбум нарасидӣ. Афсўс ки Ориёбарзан эрониву ту бохтарӣ!
— Хайр, чӣ шуда?
— Чунон шуда, ки аз размгоҳ рў овардед сўйи Бохтар, на сўйи Эроншаҳр. Ориёбарзани эронӣ танҳо бимонд ва Искандар остонаи Истахрро шикаст.
— Чаро бо ман гўйӣ чунин?
— Зеро ту хешро бурун аз Эрон донистӣ, умеди ҳимоя кардани Бохтарро дорӣ.
Аз алам мегуфт сипаҳсолор, ки амри шоҳ Доро сахт буд: «Ё худаш биовар, ё сараш!» Падар аз он лаҳза то ин дам ҳайратзада аст, ки чун бубарад сари писар ба шоҳ Доро… Танаш ларзид дар пушти зин, ки сармои сахт кашида бошад... Яқин: ба пойи хеш барнагардад пеши чунин шоҳ. Ҳазору як фикру андеша ба сар ояд ва бо ҳазор макру ҳиял бозгаштани писарро хаёлан ташкил кунад, вале бурдани сари писар ба шоҳро раво набинад.
Тамоми роҳ, ки испаҳсолор чаҳорнаъл меомад, бо ҳамон суръат фикраш ҷўш мезад. Аз тақдири Эрон ва писаронаш меандешид:
«Эронро бо чунин нерў ва бо чунин носозгорӣ зинда доштан муҳол аст… Ақаллан писаронамро зинда нигоҳ дорам…» Ба шиддати хаёл асбро тозона мезад ва ҳазорранга мекушт писараш Ориёбарзанро; сари хунчакони ўро сари найза бардошта шоҳ Дороро мебурд, ки қурбонии роҳи халосии Эрон бошад.
«На-а-а! Ман Коваам!!!»
Чунон ки марди заҳр тангомадаро баъди шошидан тан фарошо гирад, ларзид ва ба худ омад, ки дар пайи қасду қасос Кова шуданаш саҳл набувад, зеро ду писари ҳарбдидааш дар итоати Доро бувад ва ба ҷойи як сар ду сар ба бод доданаш аз имкон дур нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор