Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

«Бихоҳ!» Пасон чӣ фикре ба сараш зад, ки худ мутаваҷҷеҳ шуд:
— Бифармо, сипаҳсолор!
Сипаҳсолор вориди пардасарой гашт ва оғўш кушод. Бесус низ ҳамчунон пазируфт.
— Хўш, чӣ овард туро? – худро ба нодонӣ зад Бесус.
— Дидор. – Низ сипоҳӣ кард Ортабоз.
— Зарурате пеш омад сипаҳсолорро?
— Оре, Бесус… Чун шоҳ ба лашкаргоҳ баромада сипоҳи вомондаро бидид, мадори дасту пояш хушк шуд… Шуморо пурсону ҷўё шуд. Гуфтам: «Огоҳ нестам.» Фармуд, то шуморо пайдо кунам.
— Бо шоҳи тарсу созгор шудӣ, сипаҳсолор?
— На! Шаҳди сипаҳсолориро ту низ миёни ҷангҳои Искандару Доро чашидайӣ. Аз чунин шоҳ бўйи умед наояд. Мо бояд Эронро фаромўш накунем.
— Мо Эронро фаромўш накардаем, сипаҳсолор. Онеро фаромўш кардаем, ки беҳуда лофи ватандорӣ занад.
— Ҳааа… Ориёбарзанро миёни шумо намебинам…
— Медонам, ки писарро ҷуста омадӣ, сипаҳсолор… Аммо беҳуда сухан аз Эрон кунӣ.
— Бесусо…
— Донам, ки Эрон наҷотбахши ҳама нокомон бувад; маразест, фиребест зери номи Эрон пинҳон шудан… Рост бигўй, Ориё пеши шоҳ бурданӣ ҳастӣ?
— На! Ўро дидан хоҳам.
Бесуси тануманд, ки сараш боми пардасаройро месоид, боғурур ва бовиқор, гўйӣ, ки чиву кӣ будани сипаҳсолорро намедониста бошад, фармуд:
— Хато роҳ сипардӣ, сипаҳсолор.
— Чӣ гуна?
— Ориё ба истиқболи Искандар рафта.
Ортабоз ба чашмони Бесус нигарист ва сар ҷунбонд:
«Нааа…»
— Бовар бикун!
— Бовар намекунам. Агар ў пури ман аст ва аз дудмони ориёйӣ, бовар надорам, ки ба пешвози Искандари румӣ равад. Магар ба дидори хоҳараш Барзин.
— Бовар бикун!
— На! Ба ҷанги Искандар хоҳад рафт, аммо ба пазироии ў на!
— Фарқ намекунад, сипаҳсолор, ки ба ҷанги Искандар рафт ё ба пазироии ў.
— Чун?! Наход миёни ҷанг ва пазиройӣ фарқе набошад?
— … Ба ҳар ҳол ба истиқболи ў бирафт.
— Бовар намекунам! Ўро пайдо хоҳам кард!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор