Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Маҷўй, ў бирафт.
— Пас шумо чаро нарафтед? Ватан ҳимоя кунед?
— На, сипаҳсолор, мо ба ватанамон баргардем.
— Ҳа-а-а… Эрон ватани шумо набувад. Шумо ба ватани хеш Бохтар хоҳед баргашт?
— Ҳамин тавр, сипаҳсолор.
— Пас чаро таъна ба сарбозони кирояи юнонӣ занед, ки Эронро фурўхтанд, шоҳро хиёнат карданд?
— Туро азиз дорем, сипаҳсолор… Бигўй, ки ба чӣ кор омадӣ?
— Барои писарам.
— Пас бар асари писар бишав…
Ортабоз аз чунин сурат гирифтани сўҳбат дар шигифт бимонд ва зуъм карда баромада рафтанӣ бишуд, вале дарпардаро бардошта вориди саропарда гаштани Ориёбарзан ўро осема ва ҳайрон кард.
Пеш аз он ки бо пури хеш вохўрӣ кунад, рў ба Бесус овард:
— Нафаҳмидам, ки чӣ нағма?
Бесус хандид:
— Озмуне буд. Хостем бидонем, ки то куҷо писарро дўст дорӣ, сипаҳсолор.
— Чунон ки Кова писари ҳаждаҳумашро!
Ва падару писар канор кашиданд якдигарро.
«Чаро бемаслаҳат рафтор кардед?» – бехгўшӣ кард падар.
«Маслаҳат буд, падар. Андар Кўшки Гардон маслаҳат шуда буд. Аммо шумо шоҳро пеш донистед.»
«На, писарам, маро шоҳу гадо якест. Дили ман на ба шоҳ, ба Эрон сўзад. Шумо, ки марову Эронро ба ҳоли худ гузошта ғайб задед, бар асаратон омадам.»
«Эрон ватани ман аст, падар; ватани ҳамаи мост… Мо ҳеҷ гоҳ онро танҳо нагузорем. Вале вазъ чунон танг, ки дунёи фусўс ва пуфаксохт ҳолиё метаркида бошад.»
«Магар аз ҳазимати мо дунёву вазъ фарох гардад?»
«На. Тангтар шавад, чунон ки дили мо.»
Андар пардасаро андаке хомўшӣ фаро шуд ва гўё ҳар яке ба садои дили хеш ва ё ба садои дили наздиктарин гўш медоданд.
Зеро аз ҷангҳои тўлонии бебарор дили ҳар кадом ба танг омада буд ва илоҷи раҳойӣ надоштанд. Ва ҳатто намедонистанд, роҳу чораи андешидаашон то куҷо барад.
— Бесус! – рў ба волии Бохтар овард Ориёбарзан, ки ба омадани падар чорае меандешида бошад: — Чӣ бояд кард?
— Ҳимоя бояд кард, дифоъ бояд кард! – саҳл дониста, бепарво гуфт Бесус.
Боз хомўшӣ шуд. Ориёбарзан андешид: «Чӣ гуна? Дар ҷангҳои гузашта натавонистем ҳимоя ва дифоъ кунем, ҳоло забонамон беустухон, ҳар чӣ мегўем.»

пешина
аз 391
навбатӣ