Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Чун сипаҳсолори собиқадор Ортабоз донист, ки сохтаанд, дастафшонӣ кард, дурўду шодбош гуфт ва бо майли писар ба ҳавои пойи ў мерафт. Баъди дидан ва мулоҳизаву мушоҳидаи зиёд фармуд:
«Сипоҳи шумо беш аз сипоҳи шоҳ…»
Писар сар ҷунбонд, вале хомўш буду дар андеша, ки беҳуда наояд падар.
«Бо чунин лашкар чӣ гуна ҷангро бохтем?» – боз фармуд падар.
Ориёбарзан хомўштар шуд ва сар ҳам наҷунбонд, ки падар ўро ангез диҳад, то ба сухан ояд; аз шоҳу сипоҳи ў, нияти Доро ва қасди омадани падар пурсон гардад.
— Ту чаро хомўшӣ, чизе нагўйӣ? – ба танг омад падар.
— Гўям…
Ортабоз фикр аз фармуди шоҳ дошт ва ба сар дард низ омад.
Хомўшу гунгу безабон ба сарвари олам Аҳура Маздо муноҷот мекард: «Ўро ба шўр наёр! Писарро гарданшахӣ ва саркашӣ нафармо!
Ба дилаш раҳм андоз! Вазъ нобоб бувад ва сархўр! Писарон андар ҷабҳаҳо парешонанд… Нашавад, ки бо якдигар овезанд…»
— Бифармоед!
Пардаи сароро якбара карда фармуд Ориёбарзан ва Ортабоз дарёфт, ки писар ба саропардаи хеш оварда ўро; бўрёро ишора кард бо меҳрубонӣ ва афзуд: — Роҳи дурро паймудед, хаста шудед.
— На, хаста нашудаам…
— Аз хайи Ҷиран пайдост…
— Туро дарёфтам, хастагиҳоям рафъ шуд… Маро гуфтанд, ки ба ҷанги Искандар рафтайӣ. Зиёд андешидам, ки чӣ маънӣ дорад?
Ба тагаш нарасидам.
— Гўянд…
— Чаро зуъм дорӣ, номеҳрубонӣ?
— На падар, чӣ гуна тавонад, ки писар номеҳрубон бошад падарро?
— Зеро пиндорӣ, ки ману бародаронат шоҳи бенасабро аз ту боло гузорем ва авло донем.
— Магар чунин нест?
— На, писарам… Ман аз зарурат омадам.
— Ҳамчун падар ё ҳамчун фиристодаи шоҳ?
— Ҳам ину ҳам он…
Хаймаи писар падарро бегона тофт ва ҳатто душманона. Чодари ҷодугареро мемонд, ки зери бўрё пур аз мору каҷдум бошад.
Майли шиштан надошт, вале писар даъват ба нишастан кард:
«Бифармоед падар!» Ба назари падар даъвати писар душманона тофт. Ҳол он ки худи падар омада бо нияти душманона. Ортабоз дар дили хеш ҳар гуна гумонҳои оҳарманӣ роҳ медод қасдан ва дониста, то писарро бад бинад ва хоҳиши шоҳ Доро баҷо ояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор