Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

— Мо бояд ба Ҳамадон баргардем.
— Чаро «бояд баргардем»?
— Умеди шоҳ ба мост… Бегонагонро дил насўзад ба Эрон.
— Дар чунин вазъу ҳол касеро дил насўзад ба Эрон…
— Мо бояд Эронро дифоъ кунем.
— Ҳеҷ кас натавонад Эронро дифоъ кардан.
— Чаро?
— Тир аз камон ҷаста ва мурғ аз қафас раста.
Ортабоз суханони писарро таҳлил мекард дар сар. Фармони шоҳ Дороро ёд меоварду мағзаш гиҷ мешуд ва суханони писарро калимадармиён мешунид. Гуфтаҳои ўро сарфаҳм намерафт ва матлаб такрор мекард:
— Мо бояд баргардем ба назди шоҳ!
— На, падар! Мо набояд баргардем ба назди шоҳ… Худи шоҳ ин ҷо хоҳад омад!
— Чӣ гуна?
— Ў тобу тавони бо Искандар ҷангидан надорад. Хоҳад гурехт.
Агар гурезад бо ин роҳ хоҳад омад. Роҳи Хуросон аз Дарвозаи Хазар гузарад.
— Мо бояд баргардем! – тўтивор такрор мекард падар.
— Чаро чунин исрор кунед?
— Агар барнагардем, бародаронатро хоҳад кушт… Қофу Аршакро … Аз ин рў омадам, то баргардӣ ва бародаронатро наҷот бахшӣ.
— Ман ройи хеш гуфтам, падар… ба назди чунин шоҳ барнахоҳам гашт.
— На, барои шоҳ на, ба хотири бародаронат, барои Эрон…
— Барои Эрон аз дигар роҳ хоҳам баргашт.
— Бо дигар роҳ?
— Оре, падар!
— Ва дар ин роҳ бародаронат ҳастанд?
— Шумо бояд баргардед ва ононро фаҳмонед.
— На… Агар ман танҳо баргардам, онҳоро нахоҳам дид. Шоҳ Доро амр карда, ки туро бояд бубарам…
— Ё худамро бояд бубаред ё сарамро! Ҳамин тавр?
Падар хомўш бимонд ва ҳайратзада писарро нигарист:
«Аз куҷо донӣ?» Вале баланд пурсида натавонист. Чун мурғи гулўяшро дон гирифта гардан ёзиду даҳан кушод, то ғамбода фурў барад ва бардошт накарда гирифтаовоз пурсид:
— Аз чӣ ба сарат чунин андеша омад? Магар падар тавонад сари писар шоҳро барад?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор