Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Натавонад, аммо ҳақ дорад. Вале писар натавонад ва ҳақ ҳам надорад. Валек дар таърих чунин рўйдодҳо буда.
— Бузург шудайӣ… – гуфт падар таҳдор ва дарозо андеша кард, сар ҷунбонд, афзуд: — Ақлат низ расо гашта… Вале ба ҳазор гуноҳаш писарро натавонад падар куштан… Агар гумони бад дорӣ, ман биравам, то осуда бошӣ.
— На, падар. Ин ҷо бимонед, роҳат кунед. Ман назди Бесус хоҳам рафт.
— На. Нафасам гирад андар ин чодар…
— Чун?
— Ҷойи бегона ва ноозмуда.
Озурдадил гашт Ориёбарзан аз чунин посухи падар, ки рахти хоби ўро бегона донист, пас писар бегона падарро. Вале сахт нагуфт, ки шарқиён сахт гуфтан ба падару модарро носавоб ва гуноҳи авфнопазир донанд:
— Магар хавфе доред, падар?
— На. Хавфе надорам. Ту донӣ, ки ман касеро нороҳат карданӣ нестам, ҳатто писаронамро… Ҷонбозиву ҷонканиам аз ин рўст, то туро ва бародаронатро гум накунам.
Ориёбарзан гўш дод ба ҳарфи падар, аммо бовар надошт; зеро ў дониста буд, ки падар беҳуда наомада. Аз ин рў сўҳбатро тўл надод ва бурун рафт аз пардасаро, то назди Бесус биравад. Чунки Бесуси Бохтарӣ ваъда доду наомад.
Ортабоз бимонд андар саро бо ҳазорон фикру хаёл. Андешаҳо дар набард буданд миёни худ; андешаҳои писарони ин сўву он сў. Ду ҷабҳа дар корзори андешаҳои ў меҷангиданд ва шоҳ Доро додвар буд. Вале сипаҳсолори кордида ва набардозмуда наметавонист дар овардгоҳи андешаи хеш пархошро басанда кунад; кореро сомон бидиҳад, ақаллан худ осуда бошад. «Чаро омадӣ?
Ноогоҳ! Пеш аз ту касе шарти шоҳро ба Ориёбарзан расонида; инак ба захми ў намак занӣ… Хуб огоҳ бувад. Вале барои он ки сахт малўл нагардам, нарм гуфт: «Агар ба ивази сари ман Эрон пойдор монад, сарам фидои Эрон бод!» Нагўяд чунин барбеҳуда.
Киноя буд. Аммо ман худро ба нодонӣ задам ва гўё нашунидам…
Мапиндор, ки маро саҳл аст… Ту ҳам писар, онҳо ҳам писар.
Миёни обу оташ мондан андак нест. Ё бояд бисўзӣ, ё бояд обат бубарад… Бар замми он мо ҳама асиронем. Ман асири туву бародаронат, вагарна шоҳ Доро маро касе нест. Бародаронат асири шоҳанд ва худи ту асири андешаҳоят… Ориё! Барзано! Ту хато кардӣ! Бесус ҳеҷ гоҳ нашавад шоҳ! Агар бо зўрӣ шавад, дурўза шавад. Зеро сулола ва тухмаи шоҳӣ надорад. Бодовард бувад, бодаш бубарад. Ба Бесус бовар кардӣ ва аз баҳри ҳама гузаштӣ.
Акнун ман гаравгон; бародаронат гаравгон. Чӣ зарурате буд туро?
Ба иғвою дасисаи Бесуси Бохтарӣ ба доми бало задӣ… Агар дониста будӣ, ки дунё моро амонат сохта шудааст ва ё мо дар сарой амонат офарида шудаем, чунин рафтор накарда будӣ…

пешина
аз 391
навбатӣ