Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Боде ногувор вазид аз ҷониби Хазар ва панҷа зад гулўяшро, ки нафасаш танг шуд ва ашк дар чашмонаш дамид. Сари бурида ва хунини писар пеши дида шуд ва меҳри падарӣ боло гирифта ҷангу шоҳро фаромўш кард: «Ориёбарзанро озод гузорам; сари хеш хунбаҳои он ду писар кунам…»
Зеро Ортабоз мурда буд миёни мурдаҳои корзор. Дар ҷанги Йусус аз асб фитоду мурд. Ҳаминро медонад, ки як зарбаи гаронвазни монанд ба сари сангини пиле, асбе ё ғажгове ба фарқи сараш бархўрд ва баробари ҷаҳида канор рафтани асбаш чашмонаш сиёҳӣ зада аз сари зин парид ва ба замин зад. Аммо надонист як пойи дар рикоб мондааш баъди чӣ қадар роҳ кашола кардани бора раҳо ёфт аз ҳалқа. Чизеро фарқ накарду мурд, ки он чӣ зарбе буд; зарби гурз, вазни гарони санги осиоб?... Агар зарби гурз буд, зарби гурзи душман ё зарби гурзи дўст? Зеро аранге миёни ёдаш монд, ки талотум шуд ва асбони дўсту душман баробар ҷувозак гаштанд гирди ҳамдигар ва размандагони ду тараф фарқ карда наметавонистанд, ки бегонаро шамшер мезананд ё багонаро. Гўё сели азиму пурталотум хору хасу сангу чўбро ғелонда пеш андохта ба даҳанаи гирдоби бало оварда буд.
Пасон ҳама асбони ҷангӣ аз тораш сум зада, наъл кўфта, пачақу маҷақ карда, гузаштанд; болои мурда – сад сум. Ҳамин азоби суму наъли асбон низ дар хотираш монд: «Дар рўйи Замин ҷуз вазни суму наъли асб чизи дигаре вуҷуд надоштааст». Чун пасрў дароз кашида буд, пиндошт кўфти якумраи хастагиҳояшро асбон лагад карда, бароварданд. Ҳамчу пири барҷомондаи бисёр азияткашида ва тахтапушташ заҳру зардоб гирифта, наберагонро фармуда бошад, ки зер кунанд ва хастагиҳои пирии боборо рафъ гардонанд. Айнан мисли тахтапушт зер кардани набераро монад, ки як пой пахш карда пойи дигар бардорад. Тахтапушт, китфон, сару гардан ва дасту пояш масҳ мегирифтанд. Аз гоҳи солори сипоҳ таъйин шуданаш то ин дам бори нахуст чунин осуда дароз кашид ва хидматгорони беминнат кўфти якумраро мебароранд. Гуворо, форам метобад. Зеро ў на набард мекунад, на шамшер мезанад ва на аз касе ҳарос дорад; мурдае, ки худ намедонад чӣ сон.
Мурд. Аммо надонист, ки аз мурданаш сад сол гузашт ё ҳазор сол. Зеро чӣ оварду талотумҳо ва кушторҳо шуд дар ин миён, хабаре надорад...
...Баъди мурдани Офтоб, ки олам барояш тира гашта буд як дарди форами миёни хобу бедориро пай бурд. Шўхиҳои наберагонро мемонд он озор; гўё торҳои абрўи ростро дошта мекашанд. Ё тарсу бо нўги ангуштони кўдакона пўсти кунҷи чашмро амбўрак доштаанд ва оҳиста мекашанд, то бобои гаронхоб бедор нагардад... На. Озораш нармии ангуштони наберагони дилсўзро намонад, балки ҷиддист ва таҳлукаангез. Зеро мепуччад сахт дошта ва мекашад, то пўст канад ё оҳиста-оҳиста амбўрак фурў равад ба кунҷи чашм.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор