Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Чунин озор ўро ҷон бахшид ва ё аз он дунё бозовард. Зинда буданашро хаёле донист, вале сараш чунон дард мекард, ки илоҷи андеша кардан ё чашм кушодан надошт. Бо вуҷуди он чун одати миёни хобу бедорӣ миҷа зад, то чашм кушояд. Тифли нахуст бор чашм ба равшанӣ кушодаро монад, ки якбора натавонад чашм кардан. Ҳамон чашме, ки гўшаашро амбўрак дошта, кашида ва пўст дар овардан мехост, шояд ба ёрии он ёвар бошад, нимкоф шуд ва ў аввал рўшнойӣ, пасон сиёҳиеро аранге дид, ки соя меафканд ва пеши офтобро мегирифт, вале як навъ хидмат гузоштанӣ буд хирсона. Ё донистанӣ, ки паҳлавон зинда аст ё мурда.
Паҳлавон пуччаки сахтгири устухониро навъе карда доштанӣ буд, ки хидматаш дағал аст ва нармиву нозукии ангуштони наберагон эҳсос намешавад. Тарзе ки хобидааст сурати «хидматгор»ро дида нашавад. Ба ҳар ҳол кадом мурдахор ё дузди тарсу аввал донистанӣ, ки ин лоша дар чӣ ҳол аст, пасон корашро анҷом диҳад.
Ба ҳар ҳол сари вазнину ба назар аз гунбади фалак гаронтарро андаке ҷунбонданӣ, то сурати ў намоён гардад. Намешавад. Бисёр гарон; аз Замин ҳам вазнинтар. Набуд ҳеҷ гоҳ чунин.
Вале хидматгори беминнат бад-бад ва сахт-сахт пучида, пўсти рўяшро мекашад ва амбўр фурўтар медиҳад, то чашмашро кашад.
Хаёле кадоме аз узви тани ў ҷунбид; намедонад миҷгон буд, сар буд ё китф, ки ў хўсида, амбўраш холӣ кашид. Баъд паҳлавон тамоми зўрашро ба кор бурда, харсанги азимро тела медода бошад, сарашро, сари аз он харсанг гаронтарашро ҷунбонд. Гўё дастони пурзўраш санги азимро тела дод, ҷунбид. Ва ў як ҷонвари сиёҳи бадҳайбатро дид; пояшро дид ва парашро. Донист, ки мурдахор аст. Ҳамон зўре, ки дастонаш харсангро ҷунбонд, беихтиёр ўро аз замин ковок гардонида буд. Ва каргас аз ҷунби ў хўсида, қадаме дур рафт.
Акнун Ортабоз зинда буданашро донист ва бемадориашро дарёфт: «Илоҷе бояд кард, то ин бадафт чашм дарнаёрад...» Рўболо гаштан мехост, аммо наметавонист. Паҳлўҳо тори сару поёни по тамбаҳое буданд, намегузоштанд ў ҷунбад. Дасташ ҳам ба мурда мерасад, сараш ҳам, пояш низ. Донист, ки тори мурдаҳо мехобад ва дасту пойи ў низ бар мурдаҳост. Ва гўйӣ бар болои ҳама полонҳои ҷунбон гузоштаанд.
Ёдаш омад, ки ҷанг буд ва як олоти гаронвазн ба сараш бархўрду ўро барафканд...
Ва ҳолиё дар чунин ҳол аст...
Якбора мурғон хўсида баробар дар ҳаво шуданд ва пеши осмону офтобро гирифтанд. Ў боло баромадани мурғони бадниятро дида яқин кард, ки балое ҳаст. Ё лашкари душман пирўз гашта ба пайкор баргашт, ё кадоме мурдаи наздикашро ҷуста омад ва ё адў афтидани ўро дида буд, акнун фурсат пайдо карда омад, то ба шиканҷа кашад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор