Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аммо чун дид, ки асбро хеле дур бастааст, бо ҳамон оҳанги омадааш то назди асб рафта, назди падар оварданӣ шуд.
«Асбро меорам, пада».
Сипаҳсолор даст ёзида ўро боздоштанӣ шуд, натавонист. Чашмакӣ заду ба офтоб ишора кард. Писар маънии ишораи ўро дарёфт: «Дер мешавад». Ва чанде рафта гашташро тез кард ва аз он сў асб тозонда омада падарро бор кард бар бора. Чу аз тори мурдаҳо гузашт, асбро тозиёна зад...
Ортабозро ғазаб омад ва кин бар шоҳ Доро гирифт: «Ман Коваам! Дирафши меҳри падар парафшон кунам!» Нокомиеро пай бурда ситезид дар хайма, ки насабномааш бо фавти писарон қатъ хоҳад шуд. Баъд кӣ донад, ки чунин сипаҳсолор буд ё на?
Агар буд, чаро Эронро дифоъ карда натавонист?
Ва тарс дорад, ки аз дасти сарбозони бохтарӣ раҳойӣ ёбад ё на?
«Ё Аҳура Маздо! Барзин дар дасти Искандари душман; Қофу Аршак дар итоати Доро; Ориёбарзан ёри Бесус… Ман чӣ кор кунам? Мани тани танҳо… Фармонбари шоҳ Доро?»
Ҷиран натобад; ё аз паси пардаи ашк натобад ва ё рабудаанд.
Нигаҳбонон ҷо-ҷо истода. Сипоҳ бепарво, гўё хавфу хатаре таҳдид надорад. Чунон ки корвон то баромадани ситораи Корвонкаш дам гирад, пасон ба роҳ дарояд.
Рўйи Заминро пардаи тираи шом пўшида; аз Ориёбарзан дараке нест. Падарро хоб набарад чун ҳамасола, ки аз бози ба майдони набард ворид шуданаш гоҳи аниқу муайяни хоб надонад ва ҳар гоҳ, ки хобаш омад, дар роҳ ё дар пушти зин ё дар камингоҳ ва ё паси харсанге ғанаб кунад ва заргўшона чашмбедор бошад.
Ортабоз дарёфт, ки писар ё хашм надорад, ё қимати сари хеш надонад; ё худ эҳтироми падарро баҷо орад; ё ин аст, ки сар ба шоҳ бурдани падарро таваккалӣ ба миён оварда. Вагарна чорае андешида буд; ақаллан тую ман карда буд… Вале чунон шуд, ки аз падар гурехт.
Падар паси парда аз даҳлези саро нигаҳ бар осмони ситорабор дорад ва зебоии дунёро дарку фаҳм карда натавонад, ки чӣ гуна офарида шуда. Дар ин чодари хаёл ин қадар тангаҳои зарин часпонида, ки… шумурда нашавад… Шояд Искандар аз пайи ҳамин тангаҳои зардак, ки аксашон дар оинаҳои минўйӣ тобад, омада бошад? Акнун ба истиқболи ин лашкаркаши зарҷў қурбониҳо хоҳад шуд. Зару хоста бурданаш кам аст, кишварбахшӣ кофӣ нест, бояд сарҳои фарзандон қурбон кунад: «Ё Аҳура Маздои бузург, магар аз порсҳо хатое рафта, ки кайфар то ба ин андоза бошад? Чизе пойдор нахоҳад монд, Худованд! Бигзор симу зар бубарад, аммо сари фарзандони порсӣ дар амон бошад!
Агар падарон бо дасти хеш фарзандон қурбон кунанд ва тороҷгарро пайғамбар пиндоранд, Эронро фардо кӣ зинда хоҳад дошт?

пешина
аз 391
навбатӣ