Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Ва Эрон киро парасторӣ хоҳад кард? … Худоё! Шоҳи бехиради ноўҳдабаро Дорои Кудумон сари писари маро хоҳад! Баъд сари дигаронро! Аммо дарку фаҳм накунад, ки қурбониест пеши пойи душман?! Як-як далерону кундоварон сар гирад аз нодонӣ. Кӣ монад Эронро?… Вале ман ночорам! Худат илқо кунӣ, Худованд, то фармони шоҳ баҷо орам! Ё сари яке хўрам барои дуе ё сари яке нигаҳ дорам, то Доро хўрад сари дуе. Падаре то имрўз накарда ин корро, магар Рустами Дастон аз ноогоҳӣ ва Иброҳими Озар аз ихлос ба роҳи Худои яккаву ягона… Меояд… Писарам меояд…
Вале ман… имшаб чӣ бояд бикунам? Меояд…»
Хешро даруни хайма кашид ва ба пушт зад рўйи бўрё, то писар дар хоб дарёбадаш ва дилпур низ бихобад. Они зиёд гузашт.
Писар наёмад. Магар дидбоне буд ё фиристода, ки аз наздики саро гузашт…
Ором аст шаб. Танҳо садои сайҳаву бинӣ афшондани аспон, наъраву кишнаи шутурон ояд ва аз дуродур аккосу зузаи сагони шубон. Ортабозро хоб парида. Андешаҳо дорад миёни хаёлҳои ширин ва баъзан мағшуш, ки Эронрову писарро аз ҳама боло гузорад ва гоҳе Аҳриман бар сараш шайтониҳо ҷой кунад… Ва ў хаёлан сари писарро нўги найза бардошта, чун ибратнома аз назди сарбозон гузаронда то шоҳ Дороро бубарад ва касе пеши роҳашро нагирад… «Ё Аҳура Маздо! Наход натавонӣ Аҳриманро нобуд сохтан бо чунин бузургӣ!? Шумо, ки аз як шикам ба дунё омадаед, натавонед куштан якдигарро… вале неку бад аз шумо монда дар ду сарой чу рангҳои сапеду сиёҳ; сиёҳ зуд бихўрад сапедро. Ба Худо расидан душвор ё лоимкон, вале сўйи аҳриманиҳо ғелидан осон; надониста, нодида ва кўркўрона ғелӣ. Зудгир вартаву гирдоби аҳриманӣ. Худовандо! Нигаҳ дор аз ин гирдоб!»
Андешаҳояш дигаргун шуданд. Ва мору каҷдуми зери бўрё фаромўш гашт. Дар андеша, ки писараш Ориёбарзан барои маслаҳат рафт назди Бесус ва баргашта сари падар хоҳад гирифт… Хубтар он бувад, ки пешдастӣ кунад ва писарро бикушад. Аҳриман маъво гирифт андар замири ў; бар тахтапушташ чизе халид, ки каҷдуме аз миёни бофтаҳои бўрё неш зада бошад. Ҷаста хест. Чун дарде набуд, донист, ки хаёл аст. Зеро неши ақраб аз ҷавшан, бавижа аз пулакчаҳои он гузар накунад. Оҳе кашид дароз. Ҳама хастагиҳо ва андешаҳои ногувор рафъ шуданд. Ва худ аз худ даст бибурд ба қабзаи ханҷар, баркашид аз камар, басечид ба омадани писар…
Паҳлўдарӣ гашт аз мунтазирӣ. Ва аз роғи дарпарда нигарист бурун, ки дар нури ситораҳо ва нури ҳилол сурати касро дидан имкон дошт, аммо шинохтан имкон надошт.
Касе меомад. Ортабоз беқарор шуд ва дилаш сахт тапид; зери обу арақ монд. Мадораш низ суст гашт: «Натавон куштан» аз дил гузаронд ва донист, ки дар чунин ҳолатҳо раҳмдилӣ ва ё дудилагӣ нашояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор