Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Зуъм дошт ва дар худ меҷўшиду мехурўшид.
Писар дарку эҳсос карда буд вазъу ҳолати падарро:
— Нон бигиред, падар…
— Ман шикамчаронӣ наомадаам… Барои ту омадам… Омадам, то барамат, ҳамроҳи бародаронат бошӣ.
— Сипосгузорам, падар. Донам, ки дили падар бисўзад писарро. Аммо ман нахоҳам баргашт. Бавижа назди шоҳе чун Доро.
— Шоҳе чун Доро гунаҳгор набувад. Ҷангро шоҳон накунанд.
Ҷангро сипаҳбадон, сарфавҷҳо, ялону сипоҳиён ва бардаҳо бикунанд. Чун аз дасти онҳо коре наомад ва хиёнатҳои зиёд карданд, шоҳро гунаҳгор донистем. Ва ҳолиё? Ин ҳам ҷурми шоҳ бувад, ки шумо – воливу шаҳрдор ва сарфавҷу сарбозон гурез аз шоҳ доред?
Ҳар кадоме хешро шоҳ шуморед. Мулк ба ҳоли худ гузоред… ва чун Искандар ҷаҳон гирад, боз шоҳ Дороро хор доред.
— Донистам, ки бо шоҳ Доро ҷон ба ҷон шудаед ва аз барои ў сарҳо фидо кунед.
— Агар ғаразат сари худат аст, ман аз пайи сари ту наомадаам. Ҳар чӣ гўям, дурўғ намояд туро, зеро гумонат дигар бувад ва гумон касро ҷудо кунад аз имон… на танҳо аз падару писар…
Нияти нохуб ҷой шуда дар сарат… Рост бигўй, ки кадом хуносо оварда чунин дурўғро?
— На. Дурўғ на!
— Агар чунин гумони бад дорӣ, ман бояд пеши назари сарбозон биравам, то ту сардор бошӣ.
Ориёбарзан хандид, вале чизе нагуфт. Падар афзуд:
— Агар ту баромадайӣ аз баҳри падар, бародаронат ҳанўз зарае эҳтиромро ба ҷо оранд.
— Сухан аз эҳтиром набувад, падар. Масъалаи ҳаёту мамот истода… Агар шуморо рухсати рафтан диҳам, ба зудӣ боз хоҳед омад…
— Чӣ гуна?
— Гумон надорам, ки Доро бо чунон дилу гурда бар зидди Искандари Мақдунӣ ситод кунад. Овозаи омадани Искандар Дороро гурез хоҳад дод. Ва зуд хоҳем бархўрд.
— На! Бар нахоҳам гашт…
— Хоҳед – нахоҳед, бояд баргардед, Искандарро таслим хоҳед шуд.
— На писарам, пеш аз таслим шудан хешро хоҳам кушт. – Фармуд Ортабоз ва хомўш монд, то аз писар чӣ ояд. Писар ба андеша рафт. Падар афзуд: — Бикуш маро!
Писар як қад парида сўйи падар нигашт.
— Бикуш маро! То нагардам дўстро зор ва душманро хор!
Ҳамин хел, ки будааст, чаро маро аз миёни мурдаҳо пайдо карда, овардӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор