Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Аз чунин гузар аз ҷон кардани падар писар дар ҳайрат монд ва хешро то ҳадде гунаҳгор дониста фармуд: «Ранҷидед?»
Ортабоз ба пурси писар посух надод, то боз чӣ фармояд.
— Озоратон додам?
Падар хомўш буд; писар беқарор:
— Қаҳрӣ? Ҷангӣ?
Падар ҷойи ҷони писарро пайдо кард магар, ки хомўштар монд. Писар афзуд:
— Агар нофор бувад сухани ман, хоҳишатон бошад, баргардед.
Лек дар роҳ азобатон хоҳанд дод.
— Фармудӣ, то маро озор диҳанд?
— На-на! Ба номи Худо на! Донам, ки сарбозон касони миёнаравро хуш надоранд.
Ортабоз ба андеша рафт, ки писар рост гўяд ё норост? Зеро якбора нарм гашта, аз овозаш бўйи навозиш ояд ва ғамхор намояд; зарае эҳтироми падариро баҷо орад. Чун дарёфт чунин оҳангу нармӣ, бархост, сар бурун аз чодар зад ва Ҷиранро бихост.
— Ҷиран асби ман аст! Шуморо асби дигар мебод!
Чашмдор набуд, ки писар аз дунболи ў барояд ва чунин фармояд. Ранҷид, ки асбе азизтар дорад аз падар. Сахташ расид таънаи рўйирости писар ва пиёда равон шуд. Ғазабнок чунон буд, ки ҳар каси пеш омадаро ханҷар дар ҷигар задан мехост. Бавижа Ориёбарзанро, ки иззату эҳтироми падарро надонад. Он қадар ғазаб дошт, ки писар куштан ба назараш пашша куштанро мемонд.
«Кош мемурдам миёни мурдаҳои корзори Йусус...».
Зери пардаи хокистарии субҳ пардаву чодару саро ва шодурвон зиёд тофтанд; сутурони беҳисоб пайдо гашта, ки гоҳи омаданаш набуданд ва ё буданду ў аз парешонӣ ва ё осемасарӣ ва хавфу таҳлука эътибор ба онҳо надода буд. Ин замон чунин қофилаеро боздошта, шутуронро ших фармуда дам гиранд… ҳама ҷо орому хамўш ҳаммонанди хомўшии пеш аз тўфон. Ҳамину чунин оромиро вайрон карданӣ нест ў. Пиёда равон шуд. Роҳгузареро монад, ки роҳзанҳо асбу колояшро рабуда, пиёда ба роҳаш ҳидоят карда бошанд. Ҳама умр сарбаланд буд. Сархам меравад.
Чунин сархамиро на аз кирдори хеш донад, балки аз пастии писар шуморад. Меравад касе кордораш набувад. Касе чизе нагўяд ва барнагардонад. Гўйӣ чунин фармон шуда ва ҳама ҳазар аз сипаҳсолор доранд. Ва баногоҳ миёни сутурони хуфта ҳайрон монд, ки самтҳоро муқаррар ва муайян карда натавонад; аз куҷо омада буд ва ба куҷо бояд биравад? Зери пардаи субҳдам фарқ мекунад, ки пардаи сиёҳи осмон аз Машриқ кабудчаранг гардад.
Шояд аз ҳамин дамиш муайян созад, ки аз сўйи Мағриб ҷониби Машриқ омада буд – аз Ҳамадон то Дарвозаи Хазар. Роҳро Ҷирани рамузфаҳм шамидаву дидаву озмуда омада буд ва агар инонашро раҳо созӣ, шояд то фароғатгоҳи тобистонаи шоҳони порсӣ – Ҳангаматон биравад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор