Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вале ғазабу ранҷу дилмондагӣ то ҷое, ки пиёда роҳ сипараду ба асби дигар наншинад. Аҷаб он аст, ки писар сарфавҷи сипоҳи эронӣ; касе падарро аз роҳ бознадорад.
Назди хаймаву саро ва хиргоҳҳои хурду бузургро, ки гўйӣ ҳар яке мартабаи соҳибонашонро муайян кунанд, гузашта, сўйи Мағриб равон шуд. Танҳо. Мазмун: писар фармуд касе кордор набошад ўро, ҳамроз нагардад, чизе напурсад. Меравад чун калходи даштӣ беёр. Вале хашму ғазабаш ҳазор шутурро бор. Убур кард миёни хаймаҳоро, баромад ба дашт. Ба назар бузургтар шуд ҷуссаву ҳайбаташ аз он ки буд. Сарбаланд, матинпой, нерўманд ва боғурур мерафт; ғурури сипаҳсолорӣ ва падариаш иҷозат надода, ки боре ба пас нигарад, то чӣ ояд. Ва ҳамон зайл бо кибру ғурури солорӣ ба саҳрои фарох баромад.
Пури ў Ориёбарзан гумон надошт, ки падари пираш то ин дараҷаву андоза зудранҷ, зуъмӣ ва худбину худдўст бошад. Вале медонист, ки то имрўз ҳукмаш писаронро раво буда ва ҳар чӣ гуфта, писарон баҷо оварда. Вале ин замон ҳукми писари «бадхў»
боло гирифта. Пури бузурги ў Ориёбарзан, ки мўяш мошубиринҷ гашта аз бохти ҷанги Эроншаҳр то ҳанўз ба худ наомада, бовар касеро надорад ва падарро низ душмани фиристода донад. Чун падар аст, атояш ба лиқояш бахшида.
Падари якраву шахгардан ба қадру қимати хеш сўхта, равон гашт пиёда ва нигоҳ накард ба асби ваъдакардаи писар… Агар ғазаб надошт, агар қадру эътибори худ надонист ва хештанро нашинохта буд ва агар нинакаш дар ҷангҳо, кушторҳо, сўхторҳо, харобкориҳо… сахт нашуда буд, агар ў хиёнаткор буд ва ё ватанфурўш… боист, ки гиристӣ. Вале сипаҳсолори бонанг, ки ростиву покиро дар ҳама набардҳо ва рўзгор авло дониста буд, таҳаммул ва андеша дошт… Ин замон чун носипосии писар ва муносибату муомилаи норавои ўро дид, ҳама чиз аз сараш парид: хаёлҳо, андешаҳо, хотираҳо, ёддоштҳо… Кадуи гарони холиву пўки бодбардоштаеро бор ба гардан мебурд, на калларо. Пай набарад ситезу ғазаби хешро; дамидану сурх гаштану тафсидани хешро; ба дард омадани ду чакка ва паси гардани хешро; боло гирифтани фишори хунро…
Тез равад бо ғазаб ва нафрати зиёд ба писар. Ва андешаи дигаре ба сар наояд. Ҳамин ғазабу нафрин чун оташ ўро тела ба пеш диҳад ва бе ҳеҷ мақсаду маром тез гардад. Чун андаке таҳаммул кунад? Кор ба таъхир андозад; корҳо нохуб гарданд ва умедҳо барбод раванд. Ва пирӣ дар ҳар ҳолат кори худро хоҳад кард:
нафас гирифта, дам гашта ва мадори пойҳо суст. Афзори ҷангӣ:
кулаҳхўду ҷавшану шамшер бори гарон. Сипаҳсолори рўзгори хуш надида, вале корзордида кулаҳхўд ба даст гирифт. Шамшери ҳамоил бар пой зада-зада, халал ба гаштан расонад… Дарёфт, ки ҳама чиз дар ин зиндагӣ бори гарон аст, ҳатто худи кас. Ва олам кирои зистан надорад…

пешина
аз 391
навбатӣ