Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агар ман низ ҷилави Нафси шайтониро сар дода будам, нарасида будам то ба ин рўз… ва шояд нарасида будам ба д-ин хорӣ. Шояд касон барои нарасидан ба чунин хорӣ Нафсро идора накунанд; инони онро раҳо созанд, ки ҳама балоҳо бо Нафс бошад ва бар сари дигарон борад? Нафсу Бало бародаронанд; нокомӣ оранд; Нафсу бало зану шўянд, бадбахтӣ зоянд… Худовандо! Донам, ки маро аз муҳиббони хеш хондӣ ва ҳар гоҳ инони саманди нафсамро кашидӣ… вагарна ман низ чунин будаму чунон: Эронро ба як ҷав фурўхта будам ва ҳамроҳи писарам Ориёбарзани сарфавҷ ҷони хеш азизтар аз кишвар ва рўҳи ниёгон дониста будам… Худоё! Шояд саҳве рафта? Шояд озмуне буда ба садоқат ва муҳаббати падарона? Шояд чуғулие шуда аз номи падар? Шояд номеҳрубоние гузашта аз падар? Вале чаро ў – писари хунии ман чизе нагўяд? Ва нафаҳмонад асбоби ҷудойӣ? Худоё…»
Савор асби бесаворро ҷилав кашида бозпас омад. Шитоб надошт. Ба майлу хоҳиши асбон мерафт. Гўшҳои асбон афтида ва сархам чун хари хаста пой мебардоштанд. Ва савор то обканд расиду асбонро боздошт ва пиёда шуда, хам хўрд. Боз пайдо гашт, ки банди шолвор мебаст. Дергоҳ ба асб савор нашуд, балки атрофро аз назар гузаронд; касеро ё чизеро ва ё ҷойи бобе меҷуст ба истироҳат… Сонӣ асбонро иваз кард: бар зини асби бесавор нишаст ва асби зери рони хешро ҷилав кашид. Сўйи Дарвозаи Хазар ҷилав кашид.
Сипаҳсолори рўҳгирифта, ки савор андешаҳояшро пароканда буд, харпанҷаи зери сар кушода, вазни гўё барои ҷусса хеле гаронашро бардошт ва дунболи савору асбони бепарво нигарист.
Дашти фарохро дида ҳайрон монд, ки чун паймуда ин манзилро?
Мазмун, ҷўши ғазаб, ҷаҳл ва нафрин то обканд бардошта овард:
«Наёфт маро…» Аз дил гузаронд, ки савор дар ҷустуҷўи ў бошад… Ва сиёҳӣ зад чашмонаш, давр гашт сараш; сари по нишаст ва муддате баъд қомат рост кард…
Савор дур рафта буд…
Гом зад. Пойҳояш дард ёфтанд чунон ки чанд муддат ишкел ё кундаву завлона ба пойҳояш андохта, инак раҳо карда бошанд.
Чун тифли навпо ду-се гом зад ва пойҳояш ба ҳам печиданд. Даст ба зонувон бурд, молиш дод. Боз боло баландтар гирифт: «Пирӣ!»
гуфт ва ба саҳрои фарох нигарист, ки савору асбон гамбуск метофтанд. «Пирӣ…пирӣ.» Умедканда аз дунё такрор кард ва лаҳзаҳои обкандиро дами вопасин пиндошт. Сари дил пур, димоғ низ пур, гиря гулўгир, тез-тез миҷа зад ва сурфид, то ғамбодаи гулўгирро дур созад. Сўйи само нигашт, ки каргасҳои бадафт ҳанўз ҳам гирд мегарданд ва ё лошахўрӣ рафтаанд… Дар фазои соф танҳо нахҳои гармо чун нахҳои канда-кандаи абрешим сарсўзан бар чашм мезаданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор