Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Ҳо, рафтаанд, ба сари лошаи дигар рафтаанд. Дунё пур аз лоша, чаро танҳо ба сари мо гирд гарданд? Рафтаанд бадафтҳои бадният.»
Ва рафтагор шуд оҳиста-оҳиста. Рафт-рафту нишаст, ки чунин гамбускона раҳ сипардан то ҷое нарасонадаш. Ва агар расонад, то куҷо расонад? Магар хубтар бошад он ҷо аз дидори писар ва муомилаву муносибати нохуби ў? «На, гумон намекунам; ҳеҷ чиз бо меҳри писар баробар шуда натавонад.» Фараҳ омад дилашро, ки нафаси баҳор ва зебоиҳои сабзаву шукуфа чунин сурурро ба дил ҷой гардонад. Табассум дар лабонаш дамид ва зиндагӣ ширин намуд дар чашмаш. Умри дурўзаи сабзаву шукуфаҳо ва таровату накҳати онҳо, ки димоғашро муаттар сохта буд, ўро аз роҳ баргардониданӣ шуд; аз ҳама гуна роҳҳои дунёбезорӣ ва кину адоват ба писар… Ва Ориёбарзани шўридаву худписанд беҳтарин марди дунё тофт ба назараш ва аз тифлӣ то имрўзи ўро пеши чашм оварда, ки дўсташ медошт… Ҳолиё? Ҳолиё низ дўст дорад бо ҳама қайсариҳои писар…
Сар фароз дошта ба дашти бекарона нигарист; ҷонзоде наметофт. Дер нигарист ва майли бозгашт кард. Аз барои хўду ҷавшан баргаштанӣ шуд, ки айб бошад сипаҳсолорро афзори ҷангӣ дар нимароҳ афкандан. Ҳайратзада атрофро бори дигар аз назар гузаронд, ки ин рафторашро касе бинад, айб шуморад. Касе набуд.
Пас худ хешро айб кард: «Шояд аз якравӣ ё ҷаҳолат буд? Ҳар чӣ буду набуд, хуб нашуд. Ё барои хоҳиши Дороро баҷо овардан буд? Ё таънаву маломати писари ҷанговарро шунидан нахостӣ?
На! Бардошта натавонистӣ гуфтаҳои Ориёбарзанро. Пиндоштӣ танҳо дили ту сўзад Эронро. Дигарон Эронро бегонаанд, бавижа писарони ту. Онҳо аз бурду бохти Эрон парвое надоранд… Ва боз асбоби бо шоҳ Доро ногиро шудани Ориёбарзану Бесусу Набарзанро донистан хостӣ. Шояд онҳо низ барои Порс чунин рафтор кунанд, ки ту… Ҳолиё Порс пурра нарафта аз даст; Эроншаҳр рафта… Ва шояд сабаби бо шоҳ истода натавонистани Ориёбарзан ҳамин Эроншаҳри овозадор, Истахр ва Тахти Ҷам бошад, ки бо ҳама ҳастиаш рафт? Аз даст рафтани гаҳвораи нозу гаҳвораи тамаддуни эрониён шояд ўро ба чунин роҳ андохт; натавонист бо шоҳ Доро созад ва муросову мадоро кардан. Магар нахоста таънаҳои бебуну нобарҷойи шоҳи тарсу ва бенангро шунидан…
Ва ман чаро мадоро кунам бо ў? … Ҷуз шоҳ ва сипоҳи ў дигаре натавонад кишварро боздоштан. Ҳмм… Вале на чун Доро шоҳе…
На чун Бесус худхоҳе… Агар касон як хато кунанд, Ориёбарзан ду хато кард: аз шоҳу сипоҳ канора ҷуст; Бесуси бохтариро бовар кард… Ай кош ман хато кунам дар андешаҳои худ: кош бовар накарда бошад ба Бесус; кош дар пайи нобудии падар наафтода бошад!

пешина
аз 391
навбатӣ