Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

дидани падар рў тофта ба модараш Барзин часпад ва дуздида
– дуздида нигарад падарро.
«Тифлон меҳрубониро дўст доранд, Искандар!»
Гўяд Барзин, вале посухе нагирад. Зеро андешаҳои Искандар аз хусуси зану фарзанд набувад. Дунёи ў дунёи дигар бувад ва орзуву дархостҳояш созгор бар он. Ҳангоми айшу тараб гетерҳоро афзалтар аз ҳама донад ва пиндорад, ки хубтар аз онҳо дар олам мўъҷизае набувад: рўйи хуб, чеҳраи зебо, соқи симин, тани нозанину оташин ва пистони булўринро Худованд аз барои мард офарида. Дунё ҳамин қадар чиз дорад, вагарна зиндагиро хушӣ нест. Ба айшу нўш дода шуда, зану фарзандро фаромўш кунад.
Аммо дар мушкилтарин ва душвортарин лаҳзаҳо ҳарфи Барзин ёд ояд: «То даме ки бо манӣ, корат бобарор ва пешрў бошад. Рўзе ки маро хор доштӣ, хор шавӣ…»
Ва зиёд андешид ин мазмунро ва ҷўяд аз миёни корвон ва дунболаи сипоҳ Барзинро. Дигарон пиндоранд, ки сипоҳро аз назар гузаронад. Гоҳ-гоҳ шавад чунин ҳолат; гоҳе ки Искандар дилмонда гардад аз гетерҳо; аз касон, аз нокасон; аз солорони сипоҳ ё ононе ки аз ҳад зиёд бовар карда бошад; ва ё бо ақлу ҳуши солим ба рўзгор нигарад ё дар худ бошад.
Ва ҳоло дастҷомаи шоҳӣ аз бар афканда, афзори ҷангӣ бар тан кашида, нишаста бар хонаи зин кавири Эрон паймояд. Андар иҳотаи фавҷи «Дўстон» гўйӣ дар оғўши гетерҳо айш дорад
– ҳанўз нарафта лаззати айши дўшин аз ёдаш ва бўйи раққосаҳои соҳибҷамол аз димоғаш. Ҷавони содаи сабуксарро монад, ки ҳаргиз дар бораи шараф ва нангу номус андеша накунад; дам ғанимат донад. Ҳаргиз наандешад, ки хоки дигарро поймол кардан, моли дигареро моли хеш донистан ва тохтутозу тартумартҳо кардан чӣ бешарафист.
Ҳолиё чӣ хаёле ба сараш зад, ки гардунаи хешро ҷўё шуд. Ҳо он гардунаро, ки бо сипоҳ на, бо корвон равон аст. Ва андаруни он Геракл хуфта ҳамроҳи модараш Барзини нозанин; боиси маломати гетерҳо шуда, ки як шўмурдаи аз сари роҳ ёфтаро ин қадр иззату эҳтиром кунад… Ва гетерҳо ноогоҳ аз машаққати роҳи кавир бадандешанд Барзинро; кина низ варзанд. Чун мил ба мил роҳ душвортар гардад ва азоби ташнагӣ пеш ояд, гетерҳои худписанду бехуд ба худ оянд… Вале Искандар аз ин дурӣ ва наздикӣ низ нигоҳи ҷигарсўзи онҳоро дучор наомада, ки якдигарро зинда ба зинда балъидан хоҳанд. Шоҳзодаи гетербоз ҳама сирру савдои духтарҳои соҳибҷамол ва саргузашти шавҳармурда Барзинро хуб донад, аммо андозаи рашку хусумат ва бадбиниҳои ононро надонад. Барзини боғурур иддао кунад, ки зани Искандар ва модари фарзанди ягонаи ў бошад; гетерҳои кунҷкобу ғаммозу дасисабоз шуморанд, ки Барзин зани ғайриқонунии шоҳи мақдунист; ҳар қадар, ки ў Искандарро зарур бошад, онҳо низ ба он андоза заруранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор