Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 391 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чунон ки шоҳ онҳоро раҳо кунад, рўзе навбати Барзин расад ва Искандар дўшизаи барнотару раънотаре пайдо кунад.
Ва баъди гаштаву баргашта сўйи гардунаҳо нигаштани Искандар Геракли хурдсоли сияҳмўву сиёҳабрўй ва сиёҳчашм пеши назараш омад. Ў бо ранги мўйу абрўй бештар модарро монанд буд, аз он ки падарро. «Дар Экбатон хоҳам буд бо ў…» хаёл кард ў, вале роҳи вазнину душворсипар фикру андешаашро пароканд.
Каронаи кавири Эрон пайдо нест, биёбони хушк тобад андар баҳорон ва нишоне аз обу ободон ба чашм нарасад. Ба умеди Оби Ҳаёт омада, аммо ҳоло нишоне аз об набувад… Ва пошна занад асбро, то зудтар расад ба Зам-зам. Чун нўш кунад, бемаргу анўша гардад. В-он гаҳ давлату дунёи Ҳахоманишиҳо камӣ кунад, давлату дунёи дигар ҷўяд; Ҳинду Синдро бигирад, ба каронаи Замин расад; ба уқёнуси Берун барояд…
Пушти зини Бусефал ҳавои ғурур ва боди кибр дораду бардор. Ўро ангезад, бод диҳад, олуғда кунад. Соли шашум бувад, ки Бусефали бофаҳм шоҳ Искандарро бод диҳад бо бодпоии худ.
Вале роҳи кавири Эрон ҳама орзуҳои ширинро талх ва айшро мунағғас кард. Бусефали мушкилнописанд гўш хамида, гом занад ба майли худ ва андар биёбони хушк нами баданаш рафъ нагардад… Садои чарху қурси гардунаҳои ҷангӣ ва ғиҷ-ғиҷи тиру ҳалқаи беравғани аробаҳои одамкаш дигаргуна ба гўш хўрад; садои одами хаста, бемор ва гоҳе овози нимбисмилу мирандаро монад ва ё нафири бевазанро.
Кавири мушкилгузари Эрон раҳнавардони нобалад ва бегонагони худписандро аз пой афканад. Зиёд роҳгузарони ноошно ва шитобзадаро шикаст дода ин роҳи кавир; корвонҳои зиёд ва гурўҳу дастаҳои мағрурро нобуд сохта ин саҳрои хушк. Қиссаву ҳикоёти фаровон дорад ин роҳ, вале касеро зарурат наафтода бошад ва озими ин ришта нагардида бошад, ба гуфтан дарку эҳсос накунад озори онро.
Чангу ғубор хезад аз зери суми асбон меғосо ва боз фурў резад бар сару рўйи пасовандон ва гаронтар, вазнинтар, сангинтар гардонад роҳро. Гардунаҳо шикананд дар биёбони хушку тўлонӣ, ки ҷуз сусморҳо ҷонваре зиста натавонад. Каргасҳои лошахўр гирд гарданд тори сар: ғашовар, дилгир, баднамо. Искандар ба танг ояд. Тозона занад фараси тезтакро. Аммо чун суми асб то ба зону фурў равад ба рег, натавонад так тез кардан. Вале Искандар нахоҳад, ки бар дунболи ин мурғони бадафт равад, бал пеш гузарад аз онҳо, то наъшаву лошаи онон тўшаи мурғони кал ва бараҳнагардан нагардад; аз дур бараҳна тобад аз наздик мўя ва парҳои кўтоҳ намояд. Бо вуҷуди он гўштӣ тобад ва ғашовар гардани дарози онҳо.

пешина
аз 391
навбатӣ