Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Вале натарсад аз набарду пархош…
— Май биоваред! Ташнагӣ бишканед! Биталомуси майхор куҷост? Тойиси лолаузор куҷост? Эриси ғамгусор куҷост?
— Гардунаи онон шикаста, шоҳ…
— Инак гардани шумо бояд бишканад! – озори ноҷо диҳад бардаҳоро. Ва онон гардан андозанд, то шамшер бизананд. Боз фармони дигар диҳад: — Биравед! Биоваред!
Ҳукми подшоҳ – воҷиб. Хидмати пуразобро авлотар аз марг дониста, бозгарданд ғуломон ба пас.
Ва шоҳи ҷавон шароб хўрад. Ҷўшад хунаш ва ҳарфи падар ёд оварад: «Мақдуниё тангӣ кунад писари маро…» Ў ҷўшаду хурўшаду дамад чун баҳр ва натавонад истода бар реги тафсон.
Чашмони гургонаи хешро тангтар кунад ва ситезад шерона.
Лошахўрони бадафти баддаҳон ва минқорашон мурдор ва болу парашон шахшўли часпидахун Искандарона чашм кўрак карда аз фазои баланд нигаранд ба паст ва ҷувозак гарданд тори сари сипоҳ. Онҳо физоянд ғаши шоҳи гетиҷўйро: «Чӣ ният доранд ин мурғони ҳаромхор?» Пасон хашм ба дидбонҳо гирад:
— Гардунаҳо намоянд?
— На, шоҳ! Гардунаҳо пайдо наянд…
— Шумо ба чӣ кор оед? Муттаҳамҳо!
— … гетерҳо ва зани шумо пиёда оянд…
— Пиёда? Гетерҳои нозанини падарашон бўса накарда? Ва боз Барзин? Дигарон мурда магар? – сўйи Осмон нигашта:
— Ин мурғони фалокатбор аз ин рў тори сари мурдагон гарданд?… Афсўси чашмони обии юнониён! Ин мурғони зишту баднияти ҳама умр нўлашон ҳарому хунин онҳоро кофта, аз косахонаашон кашида хоҳанд хўрд… Кишк гўед, ай дидбонҳо!…
Шумо дигар чӣ хидмате доред?! Тир андозед!!!
Ва тирборон карданд мурғони ҳаворо, ки ҷувозак мегаштанд чун занони суғдӣ, ки дар мурдаи мардони бузург либосу миёнбанду либосвориҳои он марди шарифро ба гардан андохта, гирду давра омада, садру судур раванд; дастҳо ба ду тараф кушода ва гўя карда кафҳо бар сарсина зананд: «Ҳа-ҳуй-ҳааа-ҳэ!»
Ва аммо тирҳои партобшудаи онон то баландӣ нарасида сарозер бар хок мехўрданд ва каргасҳоро хўсондаву рам дода наметавонистанд.
Баланд шуд Искандар ва ба сўе нигарист, ки пештар бо он роҳ омада буд, ки ба дарозо як рахи нимранги ғубор тўл кашида, мурғонро андаке дур дорад, вагарна онҳо чангол кашол карда бар сари роҳиёни нимбисмил нишинанд; пойҳои гирояшон кашолу чангак чизеро бардоштанианд. Ва дид, ки ғалтону хезон мерасанд тоифаи занон: бемадор, жўлидамўй, хамидакитф, рўдапой. Чунон ки тамоми роҳ мардон ба онон дарафтида, ғаму азобашон дода бошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор