Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Ва ё аз рашк миёни гетерҳо ва Барзини нозанин кашу пархош шуда бошад.
— Гардуна бишкаст, асбаш куҷо шуд?
Суол дидбонҳоро буд. Аммо касе посух гуфта натавонист.
Искандар хашмитар шуд ва дод зад:
— Наволаи он мурдахўрон шуд?!
Ва боз касе чизе гуфта натавонист. Искандар фармуд:
— Биравед! Агар асбон мурда, мурдаашон биоваред!
Ва онҳо, ки афтидаву хеста ва кашолу молон базўр то ба ин ҷо расида буданд, лоилоҷ бозпас гаштанд. Боз омадан ва наомаданашонро касе намедонист.
Ва дуртар гамбускона мехазид сиёҳие. Искандар фарқ накард, ки одамист ва ё лошахўре нишаста рўйи мурдае.
«Эҳтиромашон коста… Афканда гардунаи маро андар кавири Эрон… Шояд кори ҳамватанонам бошад, ки барои юнонипараст ва эронпазир шуданам бадам бинанд… Душманист ё аз сўзи дил?
Онҳо маро наздиктар ё юнониҳо? Оқибат ман бо онҳо бошам? Бо юнониён ё бо эрониён? Оқибат кӣ суд бахшадам?»
Дуртар аз пардасаро нишастанд занон рўйи реги тафсон. Чун хаймаи шоҳро диданд, донистанд, ки дам гирад хоҷа. Онҳо низ бояд нафас рост кунанд, гарчӣ ҳавои нафас кашидан нест. «Об!»
ҳалқашон мегўяд; лабони ба ҳам часпидаашон во намегардад.
Чашмони гирду чангу ғубор гирифтаашон кушода намешавад ва миҷгонҳо ба ҳам баста. Арақи шўр андар рухсор ва паҳлўи бинӣ ҷўя ва шўра баста… Либос, соқҳои зебову симин ва дастони офтобзадаашонро рег часпида.
Искандар аз дур онҳоро шинохт ва Барзину Тойису Эрисро аз дигарон фарқ кард; модари болобаланди Дориюш Сисигамбаро низ… Ва аммо чун Барзинро беписар дид, барҷасту хест. Ҳама чизро фаромўш кард; ҳатто кўфти роҳро: «Геракл куҷост?» Ин пурси пуртаҳлука ҳамагонро буд. Ва ононро безобита гардонд…
Аммо Барзин аз он дурӣ нашунид, ки шоҳ чӣ мегўяд. Ва ў лаб карнай карда сўйи Барзин дод зад: «Геракл куҷост???» Ҳамагон дарёфтанд, ки меҳри падарӣ андар замири ин лашкаркаши бемеҳри монанд ба падар низ ҷой доштааст. Ва ҳатто Барзине, ки дар танҳоиҳо ин чизро дарку эҳсос намекард, дар ҳайрат монд.
Ва ба посухи шў ишора ба роҳи омадаашон кард: «Дар он ҷо!
Дар гардуна!»
Ва дили Искандар чун шамъ об гашта зери пояш шорид, ки гар каси дигар ин чизро пай мебурд, дар ҳайрат мемонд, ки шоҳи мақдунӣ ҳам дил доштааст. Вале ў андешаи ба сар омадаро дошта натавонист:
«Дар он ҷо? Дар зери реги сўзон?!»
Барзин ба маънии пурси шавҳар сарфаҳм рафт ё на, ки посух дод:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор