Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

… Ва Искандар ин қадар нўшида буд, ки чун Зевс худо хонандаш, чун Гераклу Ахилл қаҳрамон донандаш ва чун шоҳони каёнии Порс бузург ва чун Куруш пайғамбар хонандаш… Ҳар чӣ шуд, аз дасту забони хушомадгўён шуд, ки то осмонҳо баровардандаш…
Андешаҳои ба сари сипаҳсолор зада ба сари Искандар назад.
Ў чун шоҳ ва чун сарлашкар қиём дорад хуршедвор, ки аз баландӣ ҳама гуна гулу гиёҳро сўзонад, чунон ки андар кавир. Ва сипаҳсолори хайрандеш замоне, ки дар сину соли Искандар буд, аз некиву накўкорӣ фикре надошт. Вале ҳолиё, ки шоҳ Искандар андар тахти шоҳони ҳахоманишӣ фароғат дорад ва Геракли хурдсоли бехабар аз гирўдори олам ўро аз Барзин ҷудо медорад… сипаҳсолори залилу малул сар бар каф ниҳода, андар канори рўди кўҳӣ ба қадру қимати хеш гўя кунад, ки чаро бо чунин роҳ умр сипард? Магар роҳи дигаре дар зиндагӣ набуд? Магар наметавонист чун шубоне ё кашоварзе осуда ва бо фароғат бихусбад; зану фарзанд навозиш кунад? Чӣ кайфаре дид? «Пирсаг!» Кунун ин овоза аз забон ба забонҳо равад ва ҳар сарбоз ўро чунин ном барад: «Пирсаг!»
Андешаҳояш зиёд: «Маро низ озод бикун, Искандар! То ҳамроҳи иттифоқчиён баргардам ба Мақдуниё!» Искандар розӣ нахоҳад шуд. Зеро Пармониён ҳама сирру савдои лашкаркашро донад ва агар дар ҳар ҷо арза кунад, ба муроди шоҳи мақдунӣ набошад.
Ва дар чунин айём айш доранд сарбозону сарфавҷҳо дар Кўшки Гардон. Онҳо гетерҳои нозанин ва баъзе асираҳоро гоҳ ба ошёнаи саввум бароранд ва гоҳе ба қабати аввал фуроранд… Айшу нўш то як ғояти шаб идома ёфт. Чун посе аз шаб гузашт, гетерҳоро гусел карданд ба ҳуҷраҳои канизнишин ва ҳар кӣ ҳар ҷо ҳалқа заду зону. Хобашон бурд, ноогоҳ монданд аз рўйдодҳои олам.
Дами субҳ ғалмағал шуд ва Пармониёни ғанабрафтаро андар канори рўдбор бедор кард. Чун пеш омад, зери партави моҳ се қабати Кўшки Гардонро даруни об дид. Ҳайратзада бозистод.
Қад-қади рўд мурда мекашиданд аз об… Поёнтар, дар бандар мурдаи зиёде андармон гашта буданд… Ин ба д-он монад, ки замоне Ваҳуко – шоҳ Ардашери Саввум чунин карда буд бо бародарони худ.
Чун хабар ба гўши Искандар расид, аз бистари ноз барҷаст ва омад сари Кўшки Гардон. Ва аҳвол дида музтарибҳол фарёд зад:
— Кист хоин?
Вале посух нашунид. Сипаҳсолорро рў овард:
— Магар сипаҳсолор низ огаҳӣ надорад?!
— На. Ҳолиё расидам; пештар аз шоҳ!
— Ҳама умр пас аз шоҳ расида будӣ, ҳолиё пеш аз шоҳ расидӣ!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор