Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

Сархаму андешаманд гом занад сўйи рўд ва андешад аз рўйдоди Кўшки Гардон ва қисмати онҳое, ки имрўз бояд бармегаштанд ба ватан. Чӣ ноомади кор бувад, ки онҳо дар саҳрои тафсони Миср намурданд, андар кавири бегиёҳи Эрон нобуд нагаштанд, дар набардҳои сангини канори рўди Граника, ҷанги Йусус ва пархоши кўҳҳои Говгомол ҷаҳони ҳастиро бадрўд нагуфтанд… ҳангоми роҳату фароғат, ташнагӣ шикаста, аз олам даргузаштанд… «Худоё! Ин танбеҳ бувад ё огоҳӣ? Аҷаб он аст, ки Искандар чунин кайфару подошро аз Худованд надониста, аз ман донад; сабабгор ва гунаҳгори ин фоҷиъа гўё ман бошам. Зеро зўраш маро расад, Худоро на! Чун ва бо кадом забон фаҳмонам ин баччаро… ин баччаро, ки худояш беҳисоб ва падараш башумор бошад. Бачча, бачча… агар бачча набудӣ, ба як андешаи хом, ки гўё Оби Ҳаётро пайдо кунад, гирди ҷаҳон гардад? Чунин баччаи ташнаро якто дидам: гўйӣ бо ошомидан ҳалқаш тар нагардад ва бо куштан шамшераш нам нагирад…»
Сипаҳсолори пурдида болотар аз ҷое нишаст, ки дўш буд. Сар ба каф ниҳод, ки гўйӣ хоб ба об гўяд; дар бораи шоҳу шоҳзода ва хидматҳои хеш зиёд андешид: «Магар подоши ҳама гуна ҷангу пархош ва сипоҳдорӣ чунин бувад? Хидмате, ки Файлақусро кардам, хоста кардам ва бо он хотир ҳамроҳи ин кўдак аз Пелла то Окботоно омадам. Пиндорам буд, ки ў бузургтар мешавад ва ақлаш медарояд… Аммо ў ҷангро бозии кўдакона пиндошта, мераваду меравад. Дар ин роҳ ҳар чӣ ў дид, ман низ дидам; ҳар қадар ў ҷангид, ман низ ҷангидам; агар пирўзӣ аз ўст, аз ман низ ҳаст… Вале ў пиндорад, ки қаҳрамон ўст, пирўз ўст, далеру ялу паҳлавон ўст… Бояд чун Гераклу Ахилл дар ҳамосаҳои диловарӣ нависандаш; дар васфаш афсонаҳо бофанд ва то дараҷаи худои Зевс расонанд. Одамизодаро дунё танг будааст; дунёипарастро симу зари олам кам метофтааст; Замин пастӣ кунад, Осмонро хоҳад… Заминӣ будан нанг бошадаш, осмонӣ шудан хоҳад: Худо ё аз муҳиббони Худо… Киро гўям? Додшунаве нест!
Ҳама кару кўранд ҷуз шоҳ! Ва ў доди касеро шунидан натавонад ва ё нахоҳад… Ай дунёи пир! Магар пиртаре аз ту низ ҳаст? Ай Замини сахт, пурбардошттар аз ту чизе ҳаст? Ай Осмону Замин, ҳаммонанди заношў такорўед! Ҳар навъу ҳар гуна фарзанд зоед, ки ба вайрониву харобии шумо камар банданд…Чу Осмон – Крон ва чун Замин – Рай, ки зоянду хўранд фарзандони хешро:
«Замин – зан, Осмон – шў, мехурад фарзанду мегиряд, Ман ин занрову ин шўро намедонам, намедонам!!!» Надонистан хубтар, нафаҳмидан афзалтар, кас азобу азият накашад. Ҳайвонсурат умр ба сар барад; фикр накунад, андешае надорад; хоҳанд алаф медиҳанд, хоҳанд мезананд; хоҳанд мекушанду мехўранд… Э худое, беақл будан чӣ озодиҳо дорад? Фикри зиндагӣ надорад; андешаи симу зар надорад; ғамаш ғами шикам – гушна мондам, хўрдан мехоҳам, мегўяд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор