Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 8

— На! Шумо бояд андар сипоҳи Искандар бимонед. Шарафи Мақдуниёро нигаҳ доред! Шумо Мақдуниёро лозим ҳастед…
— Магар шумо лозим нестед, падар?
— Ман лозим будам ва хидматам зарур буд… Ҳолиё нолозим шудаам…
Писарон ба якдигар ҷўёву пурсон нигаристанд ва дар ҷавоб китфон дарҳам кашиданд; ҳайрон монданд, ки чӣ маънӣ дорад чунин гуфтори падар.
Падар чун бидид безобитагии эшон, фармуд:
— Осуда бошед, ташвиш накашед… Шуморо бояд огоҳ кунам, ки ҳама вақт ҳушёр бошед; дасисаи дўсту душманро бовар накунед… Зеро зери заминро об кофта ва рўзе бояд фурў равад…
Ҷанги Порс анҷом пазируфт. Минбаъд ҷангҳо миёни сарону сарбозон ва розхоҳу роздонон хоҳад шуд. Ҷангҳои дохилӣ, равонӣ ва тан ба тан: бухлу буғзу кину хусумат ва симу зар… Шуморо бояд огоҳ созам, ки зари Порс оқибат ҳамаро нобуд хоҳад сохт…
Зар чизест, ки хўрда нашавад, кам нагардад, вале чун аҷал ноаён ҳамаро хўрад; душман зояд, аҳриманӣ афзояд ва ҳама харобиҳо аз он ояд. Бузургтарин қотил зар бувад, ки аз шоҳ ҳам, аз сипаҳсолор ҳам, аз сарбоз ҳам нерўмандтар. Нахуст баднафсонро кушад, баъд миёни дўстон хусумат ангезад ва сулолаҳоро, давлатҳоро барҳам занад; шоҳу вазир намонад… Зар хамирмояи пархошҳост; модари бухлу буғзу ҳасуду кинаву рашк… Дар умри кўтоҳам ҳамаашро дидам… Агар зар гирд оварда будам, то ҳол дар сафи артиши мақдунӣ вуҷуд надоштам: ё кушта буданд; ё аз дасти зар девонаву саръӣ гашта будам; ва ё ҳамаро зери пой гузошта… оқибат ба хуни хеш оғишта, мурда будам. Бурди ман ҳамин аст, ки заро чирки даст донистам. Ҷонамро ҷони Мақдуниё пиндоштам, ки агар ман мурам, Мақдуниё низ хоҳад мурд. Вале ҳолиё донистам, ки ҷони ман дигару ҷони Мақдуниё дигар будааст… Ман каси тасодуфӣ будаам Мақдуниёро…
— Чаро чунин гўед, падар?
Падар сар афшонд, оҳ кашид ва афзуд:
— Ин матлабро ба як ҳарфу ду ҳарф шарҳ дода нашавад… дар хотираҳоям хоҳам навишт. Вале ҳоло ҳамин қадар гўям: шуморо касби нодуруст омўхтам… Зеро аз рўйи ҳамин касб нон хўрдам ва хаёл кардам, хубтар аз касби ман касбе нест… Хато кардам…
Дертар дарёфтам, ки мо ҳама дастёрони Азроъил будаем; кори ўро осон мекардаем…
Писарон ҳайрон буданд, ки падар бо пирӣ муросо карда ва чизҳое гўяд, ки ҳеҷ гоҳ нагуфта. Гўйӣ ба видоъ омада назди писарон, бавижа барои гуфтани ин ҳарф:
— Худои Марг бо ман аст ва то Гиркания равад…
— Магар осебе расида падарро?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор